Ҳафтахтар Ҷилди 3

Пирона гирист бар ҷавонӣ-ш,
Хун рехт бар оби зиндагонӣ-ш.
Гаҳ рехт сиришк бар суринаш,
Гаҳ рӯй ниҳод бар ҷабинаш.
Чандон зи сиришкҳо-ш хун руст,
К-он чашмаи обро ба хун шуст.
Чандон зи ғамаш ба меҳр нолид,
К-аз нолаи ӯ сипеҳр нолид.
Он навҳа, ки хун шавад бад-ӯ санг,
Мекард бар он ақиқи гулранг.
Маҳро зи ситора тавқ барбаст,
Сандуқи ҷигар ҳам аз ҷигар баст,
Оросташ, ончунон ки фармуд,
Гулро ба гулобу анбар олуд,
Биспурд ба хоку н-омадаш бок,
К-осоиши хок ҳаст дар хок.
Хотуни ҳисор шуд ҳисорӣ,
Осуд ғам аз хазинадорӣ.
З-ин чаҳ ба ҳиял наметавон раст
В-ин дар ба ҷадал наметавон баст.
Кӯшид ҷавону рой зад пир,
Накшод кас ин гираҳ ба тадбир.
З-ин чорагарони бодпаймой
Дар кори фалак киро расад рой?
Гар бингарӣ аз гиреваи тез,
Ҳукми шабаҳе кунӣ зи Шабдиз.
Гар пештарак кашад аз он даст,
Фармӯш кунӣ, ки оламе ҳаст.
Бо оҷизие чунин, ки моем,
Асрори фалак куҷо кушоем!
Ин оби равон, ки бас кабуд аст,
Обаш бибарод, к-оби рӯд аст,
К-аз ташнагӣ он арӯсро кушт
В-аз оби худаш надод як мушт.
Лайлӣ чу нузул дар замин кард,
Девори хазина оҳанин кард.
Ҷумла араб аз фироқи рӯяш
Гаштанд шикастадил чу мӯяш.
Равза-ш, ки биҳишти дӯстон буд,
Гуфтӣ, ки баҳору бӯстон буд.
Хокаш зи шукӯҳу тобнокӣ
Ҳоҷатгаҳи халқ шуд зи покӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор