Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дар ғор ҳамеша ҷои мор аст,
Эй Моҳ, туро чи ҷои хор аст!
Бар ғори ту ғам хурам, ки ёрӣ,
Чун ғам нахурам, ки ёри ғорӣ?!
Ҳам ганҷ шудӣ, ки дар заминӣ,
Гар ганҷ наӣ, чаро чунинӣ?!
Ҳар ганҷ, ки дар даруни ғорест,
Бар домани ӯ нишаста морест,
Ман - мор, к-аз ошён ба ранҷам,
Бар хоки ту посбони ганҷам!
Шӯрида будӣ чу рег дар роҳ,
Осуда шудӣ чу об дар чоҳ.
Чун Моҳ ғарибиат насиб аст,
Аз Маҳ на ғариб, агар ғариб аст.
Дар сурат агар зи ман ниҳонӣ,
Аз роҳи сифат даруни ҷонӣ.
Гар дур шудӣ зи чашми ранҷур,
Як чашмзад аз дилам наӣ дур.
Гар нақши ту аз миёна бархост,
Андӯҳи ту ҷовидона барҷост.
Ман, к-аз ту ба ёд дил ниҳодам,
Ёди ту куҷо равад зи ёдам!
Чун нест ғамат зи ёд рафта,
Хоҳе ту нишаста, хоҳ хуфта.
Гар рахши ту пеш дорад оҳанг,
З-он аст, ки ҳаст пои ман ланг.
Рафтиву аз ин хароба растӣ,
Дар базмгаҳи Ирам нишастӣ.
Ман низ чу баркушоям ин банд,
Оям ба ту баъди рӯзаке чанд.
То тавф задам ба гирди маҳдат,
Холӣ наям аз вафову аҳдат.
То бо ту даромадам дар ин хок,
Бодо кафанат зи хуни ман пок,
Ҷовид биҳишт ҷой бодат,
Ҷон дар ҳарами Худой бодат,
Қандили равонат аз равонӣ
Афрӯхта бод ҷовидонӣ! -
Ин гуфту ниҳод даст бар даст,
Чархе заду дастбанд бишкаст.
Бардошт раҳи вилояти хеш,
Муште дадагонаш аз пасу пеш.
Дар рақси раҳил ноқа меронд,
Бар ҳасби фироқ байт мехонд.
Дар гуфтани ҳолати фироқӣ
Ҳарфе зи вафо намонд боқӣ.
Медод ба гиря регро ранг,
Мезад саре аз дареғ бар санг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор