Ҳафтахтар Ҷилди 3

ЗОРӢ КАРДАНИ МАҶНУН
ДАР МАРГИ ЛАЙЛӢ
1
Туғрокаши ин мисоли машҳур
2
Бар шиққа чунон набишт маншур,
К-аз ҳодисаи вафоти он Моҳ
Чун Қайси шикастадил шуд огоҳ,
Гирён шуду талх-талх бигрист,
Бе гиряи талх дар ҷаҳон кист?!
Пӯшид ба сӯги ӯ сиёҳе
Чун зулмрасида додхоҳе,
3
Омад суи он ҳазира ҷӯшон,
Чун абр шуд аз дарун хурӯшон.
Бар машҳади ӯ, ки мавҷи хун буд,
Он сӯхтадил, мапурс, чун буд,
Аз дида чу хун сиришкрезон,
Мардум зи нафири ӯ гурезон.
Чандон ғаму дард ёд кардаш,
К-офоқ сиёҳ шуд зи дардаш.
Дар шӯшаи турбаташ ба сад ранҷ
Печид, чунон ки мор бар ганҷ.
Азбаски сиришки лолагун рехт,
Лола зи гиёҳи гӯраш ангехт.
Хуноби ҷигар чу шамъ полуд,
Бикшод забони оташолуд
В-он гоҳ ба дахма сар фурӯ кард,
Мегуфту ҳамегирист аз дард,
К-эй тозагули хазонрасида,
Рафта зи ҷаҳон, ҷаҳон надида,
Чунӣ зи газанда хок, чунӣ,
Дар зулмати ин мағок чунӣ?
Он холи чу мушкдона чун аст
В-он чашмаки оҳувона чун аст?
Чун аст ақиқи обдорат
В-он ғолияҳои тобдорат?
Нақшат ба чи ранг метарозанд,
Шамъат ба чи ташт мегудозанд?
Бар чашми чи ҷилва менамоӣ,
Дар мағзи кӣ нофа мекушоӣ?
Сарват ба кадом ҷӯйбор аст,
Базмат ба кадом лолазор аст?
Чунӣ зи газандаҳои ин хор,
Чун мегузаронӣ андар ин ғор?
1
Ба маънии гӯяндаи ин достон.
Аз машаққат, ба душворӣ, мушкил.
Иҳота ё гунбади қабр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор