Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ноланда зи рӯи дарднокӣ
Омад суи он арӯси хокӣ,
Дар ҳалқаи он ҳазира афтод,
Киштӣ-ш дар оби тира афтод.
Ғалтид чу мӯри хастакарда,
Печид чу мори захмхӯрда.
Байте ду-се зор-зор бархонд,
Ашке ду-се талх-талх бифшонд.
Бардошт ба сӯи осмон даст,
Ангушт кушоду дида барбаст,
К-эй холиқи ҳар чи офарида-ст,
Савганд ба ҳар чи баргузида-ст,
К-аз меҳнати хеш вораҳонам,
Дар ҳазрати ёри худ расонам,
Озод кунам зи сахтҷонӣ
В-обод кунам ба сахтронӣ! -
Ин гуфту ниҳод бар замин сар
В-он турбатро гирифт дар бар,
Чун турбати дӯст дар бар овард,
«Ё дӯст!» бигуфту ҷон баровард.
Ӯ низ гузашт аз ин гузаргоҳ
В-он кист, ки нагзарад бар ин роҳ,
Роҳест адам, ки ҳар чи ҳастанд,
Аз офати қатъи ӯ нарастанд.
1
Реше на, ки ғавргоҳи ғам нест,
Хоридаи нохуни ситам нест!
2
Бо ин ақаба, ки дорад айём,
Анҷом кӣ мекунад саранҷом?
Ку захм, ки аз кабоби ин дуд
Аз шӯркунӣ нашуд намаксуд?
Эй чун хари осиё куҳанланг,
Каҳтоби ту рӯи каҳраборанг,
Дурӣ кун аз ин хароси гардон
К-ӯ дур шуд аз халоси мардон,
Дар хонаи селрез маншин,
Сел омад, сел, хез, маншин!
То пул нашикаст бар ту гардун,
З-ин пул биҷаҳон ҷамоза берун.
Дар хок мапеч, к-ӯ ғуборест,
Бо табъ масоз, к-ӯ шарорест.
Бар тораки қадри хеш неҳ пой,
То бар сари осмон кунӣ ҷой.
Доим ба ту-бар ҷаҳон намонад,
Онро мапараст, к-он намонад!
Умқ, қаъри ҳар чиз.
Роҳи душвор; душворӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор