Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ОГОҲИИ ҚАБИЛАИ МАҶНУН
АЗ ВАФОТИ ВАЙ

Маҷнун зи ҷаҳон чу рахт барбаст,
Аз сарзаниши ҷаҳониён раст.
1
Бар маҳди арӯс хобанида,
Хобаш бирабуду баст дида.
Н-осуд дар ин сарои пурдуд,
2
Чун хуфт, маъалғирома осуд.
Афтода бимонд ҳам бар он ҳол
Як моҳу шунидаам, ки як сол
В-он ёвагиёни ройгонгард
Пиромуни ӯ гирифта новард,
Ӯ хуфта чу шоҳ дар аморӣ
3
В-эшон ҳама дар ятоқдорӣ,
Бар гирди ҳазира хона карданд,
З-он гӯргаҳ ошёна карданд.
Аз бими дарандагон чапу рост
Омадшуди халқ ҷумла бархост,
Наззорагие, ки дидӣ аз дур
Шӯридани он дадон чу занбӯр,
Пиндоштӣ, он ғариби хаста
Он ҷост ба расми худ нишаста
В-он теғзанон ба қаҳрамонӣ
Бар шоҳ кунанд посбонӣ,
Огоҳ на з-он, ки шоҳ мурдаст,
Бодаш камару кулоҳ бурдаст
В-он ҷефаи хун ба харҷ карда,
Дурре ба ғубор дарҷ карда,
Аз зилзилаҳои даври афлок
Шуд рехтаву фишонда бар хок,
Дар ҳайати ӯ зи ҳар нишоне
Номонда ба ҷо ҷуз устухоне!
З-он гургсагони устухонхор
Касро на ба устухони ӯ кор,
Чандон ки дадон буданд бар ҷой,
Нанҳод дар он ҳарам касе пой,
Мардум зи ҳифоз бонасиб аст,
Ин мардумӣ аз дадон ғариб аст.
Шуд сол гузашта в-он даду дом
Овора шуданд кому ноком,
Бархе зи алоқа бӯй бурданд,
Бархе зи мувофиқат бимурданд.

1
Хобонида.
Бо камбудӣ (бо гаронии қарз).
Ятоқдорӣ – посбонӣ, нигаҳбонӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ