Ҳафтахтар Ҷилди 3

Суҳайл аз шаъри шаккаргун баровард,
Нафир аз Шиърии гардун баровард.
Паранди осмонгун бар миён зад,
Шуд андар обу оташ дар ҷаҳон зад.
Фалакро кард куҳлипӯши Парвин,
Мувассил кард нулуфар ба насрин.
Ҳисораш нил шуд, яъне шабонгоҳ
Зи чархи нилгун сар барзад он моҳ.
Тани симин-ш меғалтид дар об,
Чу ғалтад қоқуме бар рӯи санҷоб.
Аҷаб бошад, ки гулро чашма шӯяд,
Ғалат гуфтам, ки гул бар чашма рӯяд.
Дар об андохта аз гесувон шаст,
На моҳӣ, балки моҳ оварда дар даст.
Зи мушк ороиши кофур карда,
Зи кофураш ҷаҳон кофур хӯрда.
Магар дониста буд аз пешдидан,
Ки меҳмоне наваш хоҳад расидан.
Дар оби чашмасор он шаккари ноб
3
Зи баҳри меҳмон месохт ҷуллоб.
ДИДАНИ ХУСРАВ ШИРИНРО ДАР ЧАШМАСОР
Сухангӯянда пири порсихон
Чунин гуфт аз мулуки порсидон,
Ки чун Хусрав ба Арман кас фиристод
Ба пурсиш кардани он сарви озод,
Шабу рӯз интизори ёр медошт,
Умеди ваъдаи дидор медошт.
Ба шому субҳ андар хидмати шоҳ
Камар мебаст чун хуршеду чун моҳ.
Чу тахторой шуд тарфи кулоҳаш,
Зи шодӣ тоҷи сар мехонд шоҳаш.
Гиромӣ буд бар чашми ҷаҳондор,
Чунин то чашмзахм афтод дар кор,
Ки аз пӯлодкорӣ хасми хунрез
Дирамро сикка зад бар номи Парвиз,
Ба ҳар шаҳре фиристод он дирамро,
Бишӯронид аз он шоҳи Аҷамро.
Зи бими сиккаву нерӯи шамшер
Ҳаросон шуд куҳангург аз ҷавоншер.
Чунин пиндошт он мансубаро шоҳ,
Ки Хусрав бохт он шатранҷ ногоҳ.
1
Мӯй.
Номи ситорае.
Арабишудаи гулоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё