Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бар он дил шуд, ки лаъбе чанд созад,
Бигирад шоҳи навро, банд созад.
Ҳисобе баргирифт аз рӯи тадбир,
Набуд огаҳ зи бозиҳои тақдир,
Ки натвон роҳи Хусравро гирифтан,
На дар уқда маҳи навро гирифтан.
Чу ҳар, к-ӯ ростӣ дар дил пазирад,
Ҷаҳон гирад, ҷаҳон ӯро нагирад.
Бузургуммед аз ин маънӣ хабар ёфт,
Шаҳи навро ба хилват ҷусту дарёфт.
Ҳикоят кард, к-ахтарро вубол аст,
Маликро бо ту қасди гӯшмол аст.
1
Бибояд зуфт рӯзе чанд аз ин пеш
2
Шитоб овардану бурдан сари хеш,
Магар, к-ин оташат бедуд гардад,
Вуболи ахтарат масъуд гардад.
Чу Хусрав дид, к-ошӯби замона
Ҳалокашро ҳамесозад баҳона,
Ба мушку рафт пеши мушкмӯён,
Васият карда бо он моҳрӯён,
Ки мехоҳам хиромидан ба нахчир,
Ду ҳафта бешу кам з-ин кохи дилгир.
Шумо хандону хуррамдил нишинед,
Тараб созеду рӯи ғам набинед.
Гар ояд норпистоне дар ин боғ,
Чу товусе нишаста бар пари зоғ,
Фуруд оред, к-он меҳмон азиз аст,
Шумо моҳеду хуршед он каниз аст.
Бимонедаш, ки то беғам нишинад,
Тараб ме-созаду шодӣ гузинад
3
В-агар танг ояд аз мушкуи хазро,
Чу Хизр оҳанг созад сӯи саҳро,
Дар он саҳро, ки ӯ хоҳад, битозед,
Биҳиштирӯйро қасре бисозед.
Бад-он сурат, ки дил додаш гувоӣ,
Хабар медод аз илҳоми худоӣ.
Чу гуфт ин қисса, берун рафт чун бод
Сулаймонвор бо ҷамъе паризод.
Заминкан кӯҳи худро гарм карда,
Суи Арман заминро нарм карда.
1
Талхком, маҳрум.
2
Яъне, ба турушрӯиву талхкомӣ бояд чанд рӯзе аз ин ҷо дур бошиву сари худро бираҳонӣ.
Кабуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё