Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар он соя чу маҳ доман фишондам,
Чу соя, лоҷарам, бесанг мондам.
Намадзинам нагардад хушк аз ин хун,
Батар з-инам, батар з-ин чун бувад, чун?
Бурун омад гуле аз чашмаи об,
Намегӯям ба бедорӣ, ки дар хоб,
Кунун, к-он чашмаро бо гул набинам,
Чу хор он беҳ, ки бар оташ нишинам.
Кӣ фармудам, ки рӯй аз маҳ бигардон,
Чу бахт омад ба роҳат, раҳ бигардон?
Кадомин дев табъамро бар ин дошт,
Ки аз боғи Ирам бигзашту бигзошт?
1
Ҳама ҷое шикебоӣ ситуда-ст,
Ҷуз ин як ҷо, ки сайд аз ман рабудаст.
Чу барқ аз ҷон чароғе барфурӯзам,
Шикеби хомро бар вай бисӯзам.
Агар ман хӯрдаме з-он чашма обе,
Набоистӣ зи дил кардан кабобе.
Насиҳат бин, ки он ҳинду чи фармуд,
Ки чун моле биёбӣ зуд, хӯр зуд!
Дар ин боғ аз гули сурху гули зард
Пушаймонӣ нахӯрд он кас, ки бар хӯрд.
Ману з-ин пас ҷигар дар хун кашидан,
Зи дил пайкони ғам берун кашидан.
Занам чандон тапонча бар сару рӯй,
Ки «ё раб-ё раб»-е хезад зи ҳар мӯй.
Магар, к-осудатар гардад дар ин дард,
Танӯри оташам қадре шавад сард,
Ки ҷуз гавҳар набошад дар канорам,
Зи баҳри дида чандон дур биборам.
Кай осуда шавад, то хун нарезад
Касе, к-ӯро зи хун омос хезад.
Замоне гашт гирди чашма нолон,
Ба гиря дастҳо бар чашм молон,
Замоне бар замин афтод мадҳуш,
Гирифт он чашмаро чун гул дар оғӯш.
Аз он сарви равон, к-аз чанг рафта,
Зи сарваш обу аз гул ранг рафта.
Сиҳисарваш фитода бар сари хок,
Шуда ларзон чунон, к-аз бод хошок.
Ба дил гуфто, гар ин маҳ одамӣ буд,
Куҷо, охир, қадамгоҳаш замӣ буд
В-агар буд ӯ парӣ, душвор бошад,
Парӣ бар чашмаҳо бисёр бошад.

Лоиқи аҳсан, офаринбоб.

пешина
аз 349
навбатӣ