Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ба кас натвон намуд ин довариро,
Ки Хусрав дӯст медорад париро.
Маро з-ин кор коме барнахезад,
Парӣ пайваста аз мардум гурезад.
Ба ҷуфти мурғи обӣ боз кай шуд?
Парӣ бо одамӣ дамсоз кай шуд?
Сулаймонам бибояд ном кардан,
Пас он гоҳе париро ром кардан.
Аз ин андеша лахте бозмегуфт,
Ҳикоятҳои дилпардоз мегуфт.
Ба навмедӣ дил аз дилхоҳ бардошт,
Ба дорулмулки Арман роҳ бардошт.
РАСИДАНИ ШИРИН БА МУШКУИ ХУСРАВ ДАР МАДОИН
Фалак чун корсозиҳо намояд,
Нахуст аз парда бозиҳо намояд.
Ба деҳқоне чу ганҷе дод хоҳад,
Нахуст аз ранҷбурдаш ёд хоҳад.
Агар хору хасак дар раҳ намонад,
Гулу шамшодро қимат кӣ донад.
Бибояд доғи дурӣ рӯзаке чанд,
Пас аз дурӣ хуш ояд меҳру пайванд.
Чу Ширин аз бари Хусрав ҷудо шуд,
Зи наздикӣ ба дурӣ мубтало шуд,
Ба пурсиш-пурсиш аз даргоҳи Парвиз
1
Ба мушкуи Мадоин ронд Шабдиз.
Ба оини арӯсӣ шӯй ҷуста
В-аз оини арӯсӣ рӯй шуста,
Фуруд омад, рақибонро нишон дод,
Дарун шуд, боғро сарви равон дод.
Чу диданд он шигарфон рӯи Ширин,
Газиданд аз ҳасад лабҳои ширин.
Ба расми хусравӣ бинвохтандаш,
Зи Хусрав ҳеҷ вонашнохтандаш.
Ҳамегуфтанд, Хусрав бо накӯӣ
Ба оташхостан рафтаст, гӯӣ,
Биовард оташе чун субҳ дилкаш,
В-аз он оташ ба дилҳо дарзад оташ!
Пас он гаҳ ҳоли ӯ дидан гирифтанд,
Нишонаш бозпурсидан гирифтанд,
Ки чунӣ в-аз куҷоиву чи номӣ,
Чи асливу чи мурғӣ в-аз чи домӣ?
Ҳарамсаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё