Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чи ҷой аст ин, ки бас дилгир ҷой аст,
Кӣ зад ройат, ки бас шӯридарой аст?
Дар ин зулмат вилоят чун диҳад нур,
Бад-ин дӯзах қаноат чун кунад ҳур?
Магар як узр ҳаст, он низ ҳам ланг,
Ки ту лаъливу бошад лаъл дар санг.
Чу нақши Чин дар он наққоши Чин дид,
Калиди коми худ дар остин дид,
Ниҳод аз шармнокӣ даст бар рух,
Сипосаш бурду бозаш дод посух,
Ки гар ғамҳои дида бар ту хонам,
Ситамҳои кашида бар ту ронам,
На дар гуфт ояду на дар шунидан,
Қалам бояд ба ҳарфаш даркашидан.
Бад-он мушку, ки фармудӣ, расидам,
Дар ӯ муште маломатдида дидам.
Ба ҳам карда канизе чанд ҷаммош
Ғуломи вақти худ, к-эй хоҷа, хуш бош,
Чу Зуҳра баркушода дасту бозу,
Баҳои хеш дида дар тарозу.
Чу ман будам арӯсе порсоӣ,
Аз он муште ҷалаб ҷустам ҷудоӣ.
Дили худ бар ҷудоӣ рост кардам
В-аз эшон кӯшке дархост кардам.
Дилам аз рашк пурхуноб карданд,
Бад-ин ибратгаҳам партоб карданд.
Сабурободи ман гашт ин сияҳсанг,
Ки аз талхӣ чу сабр омад сияҳранг.
Чу карданд ихтиёр ин ҷои дилгир,
Зарурат сохт мебояд, чӣ тадбир?
Пас он гаҳ гуфт Шопураш, ки бархез,
Ки фармон инчунин додаст Парвиз
В-аз он гулхан бар он Гулгун нишондаш,
Ба гулзори муроди шоҳ рондаш.
Чу зин бар пушти Гулгун баст Ширин,
Ба пӯя даст бурд аз Моҳу Парвин,
Бад-он паррандагӣ зераш ҳумое,
Паре мебаст дар ҳар зери пое
В-аз он сӯ Хусрав андар кор монда,
Дилаш дар интизори ёр монда.
Агарчи офати умр интизор аст,
Чу сар бо васл дорад, саҳл кор аст.
Чи хуштар з-он ки баъд аз интизоре
Ба уммеде расад уммедворе!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё