Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ОГОҲИИ ХУСРАВ АЗ МАРГИ ПАДАР

Нишаста шоҳ рӯзе нимҳушёр,
Ба уммеде, ки гардад бахт бедор,
Даромад қосиде аз раҳ батаъҷил,
Зи Ҳиндустон ҳикоят кард бо пил.
Мижа чун коси чинӣ нам гирифта,
Миён чун мӯи зангӣ хам гирифта.
Ба хатти Чину Занг овард маншур,
Ки шоҳи Чину Занг аз тахт шуд дур.
Кушод ин туркхӯ чархи каёнӣ
Зи ҳиндуи ду чашмаш посбонӣ.
Ду марворидаш аз мино буриданд,
Ба ҷои ришта дар сӯзан кашиданд.
Ду луъбатбозро бепарда карданд,
Раҳи сурма ба мил озурда карданд.
Чу Юсуф гум шуд аз девони додаш,
Замона доғи яъқубӣ ниҳодаш.
Ҷаҳон чашми ҷаҳонбинаш туро дод,
Ба ҷои найза дар дасташ асо дод.
Чу солори ҷаҳон чашм аз ҷаҳон баст,
Ба солорӣ туро бояд миён баст.
Зи наздикони тахти хусравонӣ
Набишта ҳар яке ҳарфи ниҳонӣ,
Ки, зинҳор, омаданро кор фармой,
Ҷаҳон аз даст шуд, таъҷил бинмой.
Гарат сар дар гил аст, он ҷо машӯяш
В-агар лаб дар сухан, бо кас магӯяш.
Чу Хусрав дид, к-айём он амал кард,
1
Каманд афканду шодурвон бадал кард,
Дурусташ шуд, ки ин даврони бадаҳд,
2
Бақам бо нил дорад, сирка бо шаҳд.
Ҳавои хонаи хокӣ чунин аст,
Гаҳе занбӯру гоҳе ангубин аст.
Амал бо азл дорад, меҳр бо кин,
Турушталхест бо ҳар чарбу ширин.
Зи регаш нест эмин ҳеҷ ҷӯе,
Мусаллам нест аз сангаш сабӯе.
Чу дар банди вуҷудӣ, роҳи ғам гир,
Фароғат боядат, роҳи адам гир.
Буна чун ҷон ба боди пок барбанд,
Дари зиндонсарои хок барбанд.

Шодирвон, шодарвон – бисот, фарш; маҷозан амал, рафтор.
Баққам – чӯбе, ки аз он ранги сурх ҳосил шавад; сурх.

пешина
аз 349
навбатӣ