Ҳафтахтар Ҷилди 3

Зи як сӯ мулкро бар кор медошт,
Зи дигар сӯ назар бар ёр медошт.
Ҷаҳонро аз иморат дод ёрӣ,
Вилоятро зи фитна растагорӣ.
Зи бас, к-афтодагонро дод медод,
Ҷаҳонро адли Нӯшервон шуд аз ёд.
Чу аз шуғли вилоят бозпардохт,
Дигарбора ба нӯшу ноз пардохт.
Шикору айш кардӣ шому шабгир,
Набудӣ як замон бе ҷому нахчир.
Чу ғолиб шуд ҳавои дилситонаш,
Бипурсид аз рақибон достонаш.
Хабар доданд, к-акнун муддате ҳаст,
К-аз ин қаср он нигорин рахт барбаст.
Намедонем Шопураш куҷо бурд,
Чу шоҳаншаҳ нафармудаш, чаро бурд.
Шаҳ аз найранги ин гарданда дӯлоб
Аҷаб дармонду оҷиз шуд дар ин боб.
Зи Ширин бар тариқи ёдгорӣ
Таки Шабдиз кардаш ғамгусорӣ.
Ба ёди моҳ бо Шабранг месохт,
Ба уммеди гуҳар бо санг месохт.
БОЗОВАРДАНИ ШОПУР ШИРИНРО ПЕШИ МЕҲИНБОНУ
Чу Ширинро зи қаср овард Шопур,
Маликро ёфт аз меъодгаҳ дур,
Фуруд овардаш аз Гулгуни раҳвор,
Ба гулзори Меҳинбону дигар бор.
Чаманро сарв доду равзаро ҳур,
Фалакро офтобу дидаро нур.
Парасторону наздикону хешон,
Ки буданд аз пайи Ширин парешон,
Чу дидандаш, заминро бӯса доданд,
Замин гаштанду дар пояш фитоданд.
Басе шукру басе шукрона карданд,
Ҷаҳоне вақфи оташхона карданд.
Меҳинбону, нашояд гуфт, чун буд,
Ки аз шодӣ зи шодирвон бурун буд.
Чу пире, к-ӯ ҷавонӣ бозёбад,
Бимирад, зиндагонӣ бозёбад,
Сараш дар бар гирифт аз меҳрубонӣ,
Ҷаҳон аз сар гирифташ зиндагонӣ.
На чандон дилхушиву меҳр додаш,
Ки дар сад байт битвон кард ёдаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё