Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ҷаҳон ҳиндуст, то рахтат нагирад,
Магираш суст, то сахтат нагирад.
1
Дар ин дӯкон наёбӣ ришта тое,
Ки набвад сӯзи неш андар қафое.
Кӣ ошомад кадуе об аз ӯ сард,
2
К-аз истисқо нагардад чун каду зард?
Дарахт он гаҳ бурун орад баҳоре,
Ки бишкофад сари ҳар шохсоре.
Фалак, то нашканад пушти дутое,
Ба кас надҳад яке ҷав мӯмиёе.
Чу бе мурдан кафан дар кас напӯшанд,
Беҳ, ар мардум чу кирм атлас напӯшанд.
Чу бояд шуд бад-он гулгуна муҳтоҷ,
Ки гардад бар дари гармоба тороҷ,
Либосе пӯш чун Хуршеду чун Моҳ,
Ки бошад, то ту бошӣ, бо ту ҳамроҳ.
Барафшон доман аз ҳар хон, ки дорӣ,
Қаноат кун бад-ин як нон, ки дорӣ.
Ҷаҳоно, чанд аз ин бедод кардан,
Маро ғамгину худро шод кардан,
Ғамин дорӣ маро, шодат нахоҳам,
Харобам хоҳӣ, ободат нахоҳам,
Ту он гандумнамои ҷавфурӯшӣ,
Ки дар гандум ҷави пӯсида пӯшӣ.
Туро бас бод аз ин гандумнамоӣ,
Маро з-ин даъвии сангосиёӣ!
Ҳамон беҳтар, ки шаб то шаб дар ин чоҳ
Ба қурсе ҷав кушоям рӯза чун моҳ.
Низомӣ, чун Масеҳо шав тарафдор,
Ҷаҳон бигзор бар муште алафхор.
Алафхорӣ куниву харсаворӣ,
Пас он гаҳ нузли Исо чашм дорӣ!
Чу хар, то зинда бошӣ, бор мекаш,
3
Ки бошад гӯшт-хар дар зиндагӣ хуш.
БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ХУСРАВ БА ҶОИ ПАДАР
Чу шуд маълум, к-аз ҳукми илоҳӣ
Ба Ҳурмуз-бар табаҳ шуд подшоҳӣ,
Ба фаррухтар замон шоҳи ҷавонбахт
Ба дорулмулки худ шуд бар сари тахт.
Дилаш гарчи ба Ширин мубтало буд,
Ба тарки мамлакат гуфтан хато буд.
1
Адад; тор.
Ташнагӣ; об хостан; беморие, ки шикам дам мекунад.
Гӯшти хар – киноя аз чизе, ки ҳеҷ ба кор наояд («Ғиёс»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё