Ҳафтахтар Ҷилди 3

Шикоре чун шакар мезад зи ҳар сӯ,
Баромад гарди Ширин аз дигар сӯ,
Ки бо ёрони ҷаммош он дилафрӯз
Ба азми сайд берун омад аз рӯз.
Ду сайдафкан ба як ҷо бозхӯрданд,
Ба сайди якдигар парвоз карданд.
Ду тирандоз чун сарви ҷавона
Зи баҳри якдигар карда нишона.
Ду ёр аз ишқи худ махмур монда,
Ба ишқ-андар зи ёрон дур монда.
Якеро дасти шоҳӣ тоҷ дода,
Яке сад тоҷро тороҷ дода.
Якеро сунбул аз гул баркашида,
Якеро гирди гул сунбул дамида.
Яке марғули анбар баста бар гӯш,
Яке мушкин каманд афканда бар дӯш.
Яке аз тавқи худ маҳро шикаста,
Яке маҳро зи ғабғаб тавқ баста.
Назар бар якдигар чандон ниҳоданд,
Ки об аз чашми якдигар кушоданд.
На аз Ширин ҷудо мегашт Парвиз,
На аз Гулгун гузар мекард Шабдиз.
Тариқи дӯстиро соз ҷустанд,
Зи якдигар нишонҳо бозҷустанд.
Чу номи ҳам шуниданд он ду чолок,
Фитоданд аз сари зин бар сари хок.
Гузашта соате сар баргирифтанд,
Замин аз ашк дар гавҳар гирифтанд.
Баоинтар бипурсиданд худро,
Фурӯ гуфтанд лахте неку бадро.
Сухан бисёр буд, андеша карданд,
Ба кам гуфтан сабурӣ пеша карданд.
Ҳаворо бар замин чун мурғ бастанд,
Чу мурғе бар хаданги зин нишастанд.
Инон аз ҳар тараф барзад саворе,
Парирӯе расид аз ҳар каноре.
Маҳу хуршедро диданд нозон,
Қирон карда ба бурҷи ишқбозон.
Фиканда ишқашон оташ ба дил-дар,
Фарас дар зерашон чун хар ба гил-дар.
Дар эшон хира шуд ҳар кас, ки метохт,
Ки Хусравро зи Ширин бознашнохт.
Хабар доданд мӯре чанд пинҳон,
Ки ин Билқис гашту он Сулаймон.
Зи ҳар сӯ лашкари нав мерасиданд.
Ба гирди ҳар ду саф бармекашиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё