Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу лашкар ҷамъ шуд бар парраи кӯҳ,
Замин бар гов менолид аз анбӯҳ.
Ба Хусрав гуфт Ширин, к-эй худованд,
На ман, чун ман ҳазорат банда дар банд,
Зи тоҷат осмонро баҳрамандӣ,
Заминро зери тахтат сарбаландӣ,
1
Агарчи дар басити ҳафт кишвар
Ҷаҳон хоси ҷаҳондор аст яксар,
Бад-ин наздикӣ аз бахшидаи шоҳ
2
Висоқе ҳаст моро бар гузаргоҳ.
Агар ташрифи шаҳ моро навозад,
Камар бандад раҳӣ, гардан фарозад,
Агар бар фарши мӯре бигзарад пил,
Фитад афтодаеро ҷома дар нил.
Малик гуфто: чу меҳмон мепазирӣ,
Ба ҷон оям, агар ҷон мепазирӣ!
Суҷуд овард Ширин дар сипосаш,
Саноҳо гуфт афзун аз қиёсаш.
Дуаспа пеши бону кас фиристод,
Зи меҳмон бурдани шоҳаш хабар дод.
Меҳинбону чу аз кор огаҳӣ ёфт,
Бар асбоби ғараз шоҳаншаҳӣ ёфт,
Ба истиқбол шуд бо нузлу асбоб,
Нисор афшонд бар хуршеду маҳтоб.
Фуруд овард Хусравро ба кохе,
Ки тӯбӣ буд аз он фиравс шохе,
Сарое, бар сипеҳраш сарфарозӣ,
Ду майдонаш фарохиву дарозӣ.
Фиристодаш ба дасти узрхоҳон,
Чунон нузле, ки бошад расми шоҳон,
На чандонаш хазина пешкаш кард,
Ки битвон дар ҳисобаш дастхуш кард.
Маликро ҳар замон дар кори Ширин
Чу ҷон ширин будӣ бозори Ширин.
АНДАРЗУ САВГАНД ДОДАНИ МЕҲИНБОНУ ШИРИНРО
Чу деҳқон дона дар гил пок резад,
Зи гил гар дона хезад, пок хезад.
Чу гавҳар пок дорад мардуми пок,
Кай олуда шавад дар домани хок.
Меҳинбону, ки покӣ дар гуҳар дошт,
Зи ҳоли Хусраву Ширин хабар дошт.
Фарохӣ, густурдагӣ.
Хона, манзил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё