Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бурун шуд ҳоҷиби шаҳ, борашон дод,
Шаҳаншаҳ дил ба ҷон дар корашон дод.
Навозиш кард Ширинрову бархост,
Нишондаш пеши худ бар ҷониби рост.
Чи дид, алҳақ, бутоне шӯху дилбанд,
Сарое пуршакар, шаҳре пур аз қанд
В-аз он ғофил, ки зӯру заҳра доранд,
Ба майдон аз саворӣ баҳра доранд.
1
Зи баҳри ирзи он мушкинниқобон
2
Ба нузҳат сӯи майдон шуд шитобон.
Чу дар бозигаҳи майдон расиданд,
Парирӯён зи шодӣ мепариданд.
Равон шуд ҳар маҳе чун офтобе,
Падид омад зи ҳар кабке уқобе.
Чу Хусрав дид, к-он мурғони дамсоз
Чаманро сохтанду сайдро боз,
Ба Ширин гуфт: ҳон, то рахш тозем,
Бар ин паҳна замоне гӯй бозем.
Маликро гӯй дар чавгон фиканданд,
Шигарфон шӯр дар майдон фиканданд.
Зи чавгон гашта бедистон ҳама роҳ,
Замин з-он бед сандал суда бар моҳ.
Ба ҳар гӯйе, ки бурдӣ бодро бед,
Шикастӣ дар гиребон гӯйи хуршед.
Зи як сӯ моҳ буду ахтаронаш,
Зи дигар сӯ шаҳу фармонбаронаш.
Гавазну шер бозӣ менамуданд,
Тазарву боз ғорат мерабуданд.
Гаҳе хуршед бурдӣ гӯйу гаҳ моҳ,
Гаҳе Ширин гарав додӣ, гаҳе шоҳ.
Чу ком аз гӯйу чавгон баргирифтанд,
Тавофе гирди майдон даргирифтанд.
Ба Шабдизу ба Гулгун гирди майдон
Чу рӯзу шаб ҳамекарданд ҷавлон
В-аз он ҷо сӯи саҳро рон кушоданд,
Ба сайд андохтан ҷавлон кушоданд.
На чандон сайди гуногун фиканданд,
Ки ҳаддаш дар ҳисоб ояд, ки чанданд.
Ба захми найзаҳо ҳар нозанине
Найистон карда бар гӯрон замине.
Ба нӯки тир ҳар хотунсаворе
Фурӯ дода зи оҳу марғзоре.

Арҷ, иззат.
Покизагӣ, накуӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ