Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Паси мардон шудан мардӣ набошад,
Зан он беҳ, к-аш ҷавонмардӣ набошад.
Басо гулро, ки нағзу тар гирифтанд,
Биафканданд, чун бӯ баргирифтанд.
Басо бода, ки дар соғар кашиданд,
Ба ҷуръа рехтандаш, чун чашиданд.
Ту худ донӣ, ки вақти сарфарозӣ
Заношӯӣ беҳ аст аз ишқбозӣ!
Чу Ширин гӯш кард ин панди чун нӯш,
Ниҳод он пандро чун ҳалқа дар гӯш.
Дилаш бо он сухан ҳамдостон буд,
Ки ӯро низ дар хотир ҳамон буд.
Ба ҳафт авранги равшан хӯрд савганд,
Ба равшанномаи гетихудованд,
Ки гар хун гирям аз ишқи ҷамолаш,
Нахоҳам шуд магар ҷуфти ҳалолаш!
Чу бону дид он савгандхорӣ,
Падид омад дилашро устуворӣ,
Ризо додаш, ки дар майдону дар кох
Нишинад бо малик густох-густох,
Ба шарти он ки танҳоӣ наҷӯяд,
Миёни ҷамъ гӯяд, он чи гӯяд.

ЧАВГОН БОХТАНИ ХУСРАВ БО ШИРИН

Дигаррӯзина, к-аз субҳи ҷаҳонтоб Тило шуд лаъл бар луълӯи хушоб,
1 Язакдоре зи лашкаргоҳи хуршед
23 Инон афканд бар Бирҷису Ноҳид.
Ҳамон як шахс, к-инро соз карда, Ҳамон анҷумгарӣ оғоз карда.
Чу шери мода он ҳафтод духтар Суи Ширин шуданд ошӯб дар сар.
Ба мардӣ ҳар яке Исфандёре, Ба тир андохтан рустамсаворе, Ба чавгон худ чунон чолок буданд, Ки гӯй аз чанбари гардун рабуданд, Хаданги таркаш андар сарв бастанд, Чу сарве бар хаданги зин нишастанд.
4 Ҳама бурқаъ фурӯ ҳиштанд бар моҳ, Равон гаштанд сӯи хидмати шоҳ.

1
Пешрави сипоҳ, посбон.
2
Ситораи Муштарӣ, ки саъд аст.
Ситораи Зуҳра, ки мутрибаи фалакаш гӯянд.
Ниқоб, рӯйпӯш.

пешина
аз 349
навбатӣ