Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бигӯяд, дӯстам в-ар худ набошад,
Маро нек афтад, ӯро бад набошад.
Басе фол аз сари бозича бархост,
Чу ахтар мегузашт, он фол шуд рост.
Чи некӯ фол зад соҳибмаонӣ,
Ки худро фоли некӯ зан, чу донӣ.
Бад ояд фол, чун бошӣ бадандеш,
Чу гуфтӣ нек, нек ояд фаро пеш.
Маро аз лаъли ту бӯсе тамом аст,
Ҳалолам кун, ки он низам ҳаром аст
В-агар хоҳӣ, ки лаб з-ин низ дӯзам,
Бад-ин гармӣ на, к-он гоҳе бисӯзам.
Аз он тарсам, ки фардо рух харошӣ,
Ки чун ман ошиқеро кушта бошӣ.
Туро ҳам хуни ман доман бигирад,
Ки хуни ошиқон ҳаргиз намирад.
Гирифтам, ройи дамсозӣ надорӣ,
Ба бӯсе ҳам сари бозӣ надорӣ,
Надорам заҳраи бӯси лабонат,
Чӣ бӯсам - остин ё остонат?
Нагӯям, бӯсаро мирӣ ба ман деҳ,
Лабатро чошнигирӣ ба ман деҳ.
Бидеҳ як бӯса, то даҳ воситонӣ,
Аз ин беҳ чун бувад бозоргонӣ!
Чу бозургони сад хирвор қандӣ,
Беҳ, ар бо ман ба қанде дар набандӣ.
Чу бикшоӣ, кушояд банд бар ту,
Фурӯ бандӣ, фурӯ банданд бар ту.
Чу саққо оби чашма беш резад,
Зи чашма, к-об хезад, беш хезад.
Дар оғӯшат кашам чун об дар меғ,
Маро ҷонӣ ту, бо ҷон чун занам теғ?
Сари зулфи ту чун ҳиндуи нопок
Ба рӯзи пок рахтамро барад пок,
Ба дуздӣ ҳиндуятро гар нагирам,
Чу ҳинду дузди нофармонпазирам.
Агарчи дузд бо сад даҳра бошад,
Чу бонгаш барзанӣ, безаҳра бошад.
Набуррад дузди ҳиндуро касе даст,
Ки бо дуздӣ ҷавонмардӣ-ш ҳам ҳаст.
Каманди зулфи худ дар гарданам банд,
Ба сайди лоғар имшаб бош хурсанд.
Ту дилхар бош, то ман ҷон фурӯшам,
Ту соқӣ бош, то ман бода нӯшам.
Шаби васлат лабе пурханда дорам,
Чароғи ошноӣ зинда дорам.

пешина
аз 349
навбатӣ