Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳисоби ҳалқа хоҳад кард гӯшам,
Ту мехар банда, то ман ме-фурӯшам.
Шумори бӯса хоҳад буд корам,
Ту медеҳ бӯса, то ман ме-шуморам.
Биё, то аз дари давлат дароем,
Чу давлат хуш баромад, хуш бароем.
Як имшаб тоза дорем ин нафасро,
Ки бар фардо вилоят нест касро.
Ба нақд имшаб чу бо ҳам созгорем,
Назар бар насяи фардо чи дорем.
Макун бозӣ бад-он зулфи шикангир,
Ба ман бозӣ кун имшаб, дасти ман гир.
Ба ҷон омад дилам, дармони ман соз,
Канори худ ҳисори ҷони ман соз.
Зи ҷон ширинтарӣ, эй чашмаи нӯш,
Сазад, гар гирамат чун ҷон дар оғӯш.
Чу шаккар гар сарат бӯсам в-агар пой,
Ҳама ширинтар ояд ҷоят аз ҷой.
Ҳама тан дар ту ширинӣ нуҳуфтанд,
1
Ба кам коре туро Ширин нагуфтанд.
Дар ин шодӣ беҳ, ар ғамгин набошӣ,
На Ширин бошӣ, ар ширин набошӣ!

ПОСУХИ ШИРИН ХУСРАВРО

Шакарлаб гуфт: аз ин зинҳорхорӣ
Пушаймон шав, макун безинҳорӣ,
Ки шаҳро бад бувад зинҳор хӯрдан,
Бад омад дар ҷаҳон бад кор кардан.
Маҷӯй обе, ки обамро бирезад,
Махоҳ он ком, к-аз ман барнахезад,
К-аз ин мақсуд бемақсуд гардам,
Ту оташ гаштаӣ, ман уд гардам.
Маро беишқ худ дил меҳрубон буд,
Чу ишқ омад, фасурда чун тавон буд?
Гар аз бозори ишқ андоза гирам,
Ба ту ҳар дам нишоте тоза гирам,
Валекин нард бо худ бохт натвон,
Ҳамеша бо хушӣ-дар сохт натвон.
Ҷаҳон ниме зи баҳри шодкомист,
Дигар нима зи баҳри некномист.
Чи бояд табъро бадром кардан,
Ду некӯномро бадном кардан.

Беҳуда, беҷо.

пешина
аз 349
навбатӣ