Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу рӯзи бенавоӣ бар сар ояд,
Муродат худ ба зӯр аз дар дарояд.
Набошад ҳеҷ ҳушёрӣ дар он маст,
Ки ғул бар пой дорад, ҷом дар даст.
Ту давлат ҷӯ, ки ман худ ҳастам, инак,
Ба даст ор он, ки ман дар дастам, инак.
Нахоҳам нақши бедавлат намудан,
Ману давлат ба ҳам хоҳем будан.
Зи давлатдӯстӣ ҷон бар ту резам,
Наям душман, ки аз давлат гурезам.
Тараб кун, чун дари давлат кушодӣ,
Махур ғам, чун ба рӯзи нек зодӣ.
Нахуст иқбол в-он гаҳ ком ҷустан,
Нашояд ганҷ бе ором ҷустан.
Ба сабре метавон коме харидан,
Ба оромӣ дилороме харидан.
Забон, он гаҳ сухан, чашм, он гаҳе нур,
Нахуст ангур в-он гаҳ оби ангур.
Ба гармӣ кори оқил беҳ нагардад,
Ба так, донӣ, ки буз фарбеҳ нагардад.
Дар ин оворагӣ н-ояд барӯманд,
Ки созам бо муроди шоҳ пайванд.
Агар бо ту ба ёрӣ сар дарорам,
Ман он ёрам, ки аз корат барорам.
Ту мулки подшоҳиро ба даст ор,
Ки ман бошам, агар давлат бувад ёр,
Гарат бо ман хуш ояд ошноӣ,
Ҳаметарсам, ки аз шоҳӣ бароӣ
В-агар хоҳӣ ба шоҳӣ бозпайваст,
Дареғо ман, ки бошам рафта аз даст.
Ҷаҳон дар насли ту мулке қадим аст,
Ба дасти дигарон айбе азим аст.
Ҷаҳон он кас барад, к-ӯ баршитобад,
Ҷаҳонгирӣ таваққуф барнатобад.
Ҳама чизе зи рӯи кадхудоӣ
Сукун бартобад, илло подшоӣ.
Агар дар подшоҳӣ бингарӣ тез,
Сабақ бурдаст аз азми сабукхез.
Ҷавонӣ дориву шериву шоҳӣ,
Сариву бо сарӣ соҳибкулоҳӣ.
Вилоятро зи фитна пой бикшой,
Яке раҳ дастбурди хеш бинмой.
Бад-ин ҳинду, ки рахтатро гирифта-ст,
Ба туркӣ тоҷу тахтатро гирифта-ст,

пешина
аз 349
навбатӣ