Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ба теғ озурда кун таркиби ҷисмаш,
Магар ботил кунӣ сози тилисмаш,
Ки дасти хусравон дар ҷустани ком
Гаҳе бо теғ бояд, гоҳ бо ҷом.
Зи ту як теғ танҳо баргирифтан,
Зи шаш ҳадди ҷаҳон лашкар гирифтан.
Камар бандад фалак дар ҷанг бо ту,
Дарандозад ба душман санг бо ту.
Маро низ, ар бувад, дасте намоям
В-агарна дар дуо дасте кушоям.
РАФТАНИ ХУСРАВ АЗ ПЕШИ ШИРИН
Маликро гарм кард он оташи тез,
Чунон к-аз хашм шуд бар пушти Шабдиз,
Ба тундӣ гуфт: ман рафтам, шабат хуш,
Гарам дарё ба пеш ояд, гар оташ.
Худо донад, к-аз оташ барнагардам,
Зи дарё низ мӯе тар нагардам.
Чи пиндорӣ, ки хоҳам хуфт аз ин пас,
Ба тарки хоб хоҳам гуфт аз ин пас?
Заминро пили боло канд хоҳам,
Даба дар пои пил афканд хоҳам.
Шавам чун пилу н-орам сар ба болин,
На пиле, к-ӯ бувад пили сафолин!
Ба нодонӣ харе бурдам бар ин бом,
Ба доноӣ фуруд орам саранҷом.
Сабӯеро, ки донам сохт охир,
Тавонам бар замин андохт охир.
Маро бояд ба чашм оташ барафрӯхт,
Ба оташ сӯхтан бояд даромӯхт.
Маро ишқи ту аз афсар баровард,
Басо танро, ки ишқ аз сар баровард.
Маро гар шӯри ту дар сар набудӣ,
Сари шӯрида беафсар набудӣ.
Фикандӣ чун фалак дар сар камандам,
Раҳо кардӣ, чу кардӣ шаҳрбандам.
Нахустам бода додӣ, маст кардӣ,
Ба мастӣ-дар маро побаст кардӣ.
Чу гаштам маст, мегӯӣ, ки бархез,
Ба бадхоҳони ҳушёр-андар овез.
Бале, хезам, даровезам ба бадҳоҳ,
Вале он гаҳ, ки берун оям аз чоҳ.
Бар он азмам, ки раҳ дар пеш гирам,
Шавам, дунболи кори хеш гирам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё