Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу Қайсар дид, к-омад бар дараш бахт,
Бад-ӯ таслим кард он тоҷ бо тахт,
Чунон дар кеши Исо шуд бад-ӯ шод,
Ки духти хеш Марямро бад-ӯ дод.
Ду шаҳро дар зифофи хусравона
Фаровон шартҳо шуд дар миёна,
Ҳадиси он арӯсу шоҳи фаррух,
Ки аҳли Румро чун дод посух,
1
Ҳамон лашкар кашидан бо Ниётус,
Чунон оростан чун парри товус.
Нагӯям, чун дигар гӯяндае гуфт,
Ки ман бедорам, ар пӯяндае хуфт,
Чу ман нархи касонро бишканам соз,
Касе нархи маро ҳам бишканад боз.

ЛАШКАР КАШИДАНИ ХУСРАВ БА
ҶАНГИ БАҲРОМ ВА ЗАФАР ЁФТАН

Чу рӯзе чанд шоҳ он ҷо тараб кард,
Ба ёрӣ хостан лашкар талаб кард.
Сипоҳе дод Қайсар бешумораш,
Ба зар чун зар муҳайё кард кораш.
Зи бас лашкар, ки бар Хусрав шуд анбӯҳ,
Равон шуд рӯи ҳомун кӯҳ дар кӯҳ,
Чу кӯҳи оҳанин аз ҷой ҷунбид,
Замин гуфтӣ, ки сар то пой ҷунбид.
Чиҳил-панҷаҳ ҳазорон марди корӣ
Гузин кард аз ялони корзорӣ,
Шабехун карду омад сӯи Баҳром,
Зиреҳро ҷома карду хӯдро ҷом.
Чу огаҳ гашт Баҳроми ҷаҳонгир,
Ба ҷанг омад, чу шер ояд ба нахчир,
Вале чун бахт рӯбоҳӣ намудаш,
Зи шериву ҷаҳонгирӣ чи судаш?
Ду лашкар рӯ ба рӯ ханҷар кашиданд,
2
Ҷаноҳу қалбро саф баркашиданд.
Таранги тиру чокочоки шамшер
Дарида мағзи пилу заҳраи шер.
Ғиреву кӯс дода мурдаро гӯш,
Димоғи зиндагонро бурда аз ҳуш.
Суми аспон зи оташ наъл баста,
Зи хун баргустувонҳо лаъл баста.
3
Саҳили тозиёни оташинҷӯш
Заминро рехта симоб дар гӯш.

1
Бародари қайсари Рум.
Муқаддимаи (қаровули) лашкар ва фавҷ миёнаи он.
Шиҳа, овози асп.

пешина
аз 349
навбатӣ