Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бигирам панди ту дар ёд аз ин бор,
Бикӯшам, ҳар чи бодо бод, аз ин бор.
Маро аз ҳоли худ огоҳ кардӣ,
Ба неку бад сухан кӯтоҳ кардӣ.
Ман аввал бас ҳумоюнбахт будам,
Ки ҳам бо тоҷу ҳам бо тахт будам.
Ба гирди олам овора-м ту кардӣ,
Чунин бадрӯзу бечора-м ту кардӣ.
Гарам нагрифтӣ андӯҳи ту фитрок,
Кадомин бодам овардӣ бад-ин хок?
Бале, то бо манат хуш буд якчанд,
Ҳадисат буд бо ман хуштар аз қанд,
Кунун, к-аз меҳри худ дурӣ-м додӣ,
Бибояд шуд, ки дастурӣ-м додӣ.
Ман аз кори шудан ғофил набудам,
Ки меҳмоне чунин баддил набудам.
Нишастам, то ҳаме хонам ниҳодӣ,
Равам, чун нон дар анбонам ниҳодӣ!
1
Пас он гаҳ пой бар гелӣ биафшурд,
Зи роҳи Гелакон лашкар бадар бурд,
Дил аз Ширин ғуборангез карда,
Ба азми Рум рафтан тез карда,
Дар он раҳ рафтан аз ташвиши тороҷ,
2
Ба тарки тоҷ карда таркро тоҷ.
Зи бими теғи раҳдорони Баҳром
Зи раҳ рафтан набудаш як дам ором.
Уқоби чорпар, яъне, ки дар зер,
Наҳанге дар миён, яъне, ки шамшер.
Фарас меронд то руҳбони он дайр,
Ки ронд аз ахтарон бо ӯ басе сайр,
Бар он руҳбони дайр афтод роҳаш,
Ки доно хонд ғайбомӯзи шоҳаш.
Зи ройаш рӯи давлатро барафрӯхт
В-аз ӯ бисёр ҳикматҳо биомӯхт
В-аз он ҷо то лаби дарё батаъҷил
Дуаспа карда кӯче мил дар мил
В-аз он ҷо низ якрон ронд яксар,
Ба Қустантания шуд сӯи Қайсар.
Азим омад, чу гашт он ҳол маълум,
Азимуррумро он фол дар Рум,
Ҳисоби толеъ аз иқбол кардаш,
Ба авни толеъ истиқбол кардаш.

Аспе, ки аз Гел – мулке аз Табаристон бархоста («Ғиёс»).
Тарки дуюм – кулаҳхуд; яъне, ба азми разм ҷои тоҷ кулаҳхуд бар сар ниҳода.

пешина
аз 349
навбатӣ