Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу бар Баҳроми Чӯбин тунд шуд бахт,
Ба Хусрав монд ҳам шамшеру ҳам тахт.
Суи Чин шуд бар абрӯ чин сиришта,
1
Изо ҷоал қазо бар сар навишта.
Ситам танҳо на бар чун ӯ касе рафт,
Дар ин парда чунин бозӣ басе рафт.
БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ХУСРАВ БОРИ ДУВУМ
Чу сар баркард Моҳ аз бурҷи моҳӣ,
Маҳи Парвиз шуд дар бурҷи шоҳӣ.
Зи Савраш Зуҳра в-аз Харчанг Бирҷис
2
Саодат дода аз таслису тасдис.
Зи паргори Ҳамал хуршеди манзур
Ба Далв-андар фиканда бар Зуҳал нур.
Уторид карда з-аввал хатти Ҷавзо,
Суи Миррихи шерафкан тамошо.
Занаб Миррихро мекарда дар кос,
3
Шуда чашми Зуҳал ҳамкосаи рос.
Бад-ин толеъ, к-аз ӯ пирӯз шуд бахт,
Малик биншаст бар пирӯзагун тахт.
Баровард аз сапедӣ то сиёҳӣ,
Зи Мағриб то ба Машриқ номи шоҳӣ.
Чу шуд кори мамолик барқарораш,
Қавитар гашт рӯз аз рӯзгораш.
Кашид аз хок тахте бар Сурайё,
Дар ӯ гавҳар ба киштӣ, дур ба дарё.
Чунон, к-аз бас гуҳарҳои ҷаҳонтоб
Ба шаб тобандатар будӣ зи маҳтоб,
Бар он тахти муборак шуд чу шерон,
Муборакбод гуфтандаш далерон.
Ҷаҳон хуррам шуд аз нақши нигинаш,
Фурӯ хонд офариниш офаринаш.
Зи акси ончунон равшанҷанобе
Хуросонро дарафзуд офтобе.
Шуд овози нишоту шодкомӣ
Зи Марви Шоҳҷон то Балхи Бомӣ.
Чу фаррух шуд бад-ӯ ҳам тахту ҳам тоҷ,
Даромад ғамзаи Ширин ба тороҷ.
На он ғамро зи дил шоист рондан,
На ғампардозро шоист хондан.
1
Агар омад.
Сегона ва шашгӯша.
Рош – анбори ғалла; авом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё