Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳукми он ки Марямро нигаҳ дошт,
К-аз ӯ бар авҷи Исо пойгаҳ дошт.
Агарчи подшоҳӣ буду ганҷаш,
Зи беёрӣ пайопай буд ранҷаш.
Намегӯям тараб ҳосил намекард,
Тараб мекард, лек аз дил намекард.
Гаҳе қасди набиди хом кардӣ,
Гаҳе аз гиря май дар ҷом кардӣ.
Гаҳе гуфтӣ ба дил, к-эй дил, чи хоҳӣ
Зи олам - ошиқӣ ё подшоҳӣ,
Ки ишқу мамлакат н-ояд ба ҳам рост,
Аз ин ҳарду яке мебоядат хост.
Чи хуш гуфтанд шерон бо палангон,
Ки хар курра кунад ё роҳи Зангон.
Маро бо мамлакат гар ёр будӣ,
Дилам з-ин мулк бархурдор будӣ.
Бихаррам, гар фурӯшад бахти бедор,
Ба сад мулки Хутан як мӯи дилдор.
Шабе дар боғ будам хуфта бо ёр,
Ба болин барнишаста бахти бедор.
Чу бахтам хуфту ман бедор гаштам,
Бад-ин сон бедилу беёр гаштам.
Куҷо он нав ба нав маҷлис ниҳодан,
Биҳишти ошиқонро дар кушодан,
Нишастан бо парирӯёни чун нӯш,
Шаҳаншоҳи парирӯён дар оғӯш.
Куҷо Ширину он ширинзабонӣ,
Ба ширинӣ чу оби зиндагонӣ?
Куҷо он айшу он шабҳо нахуфтан,
Ҳама шаб то саҳар афсона гуфтан.
Куҷо он тоза гулбарги шакарбор,
Шакар чидан зи гулбаргаш ба хирвор.
Арӯсиро бад-он рӯинҳисорӣ
Зи бозу сохтан симин иморӣ.
Гаҳаш чун гул ниҳодан рӯй бар рӯй,
Гаҳаш бастан чу сунбул мӯй бар мӯй.
Гаҳе мастӣ шикастан бар хумораш,
Гаҳе пинҳон кашидан дар канораш.
Гаҳе хӯрдан майе чун хуни бадхоҳ,
Гаҳе такя задан бар маснади моҳ.
Суханҳое, ки гуфтам, ё шунидам,
Хаёле буд ё хобе, ки дидам.
Маро гӯянд, хандон шав чу хуршед,
Ки андуҳ барнатобад ҷои Ҷамшед,
Даҳан пурхандаи хуш чун тавон кард,
Дар ӯ ё ханда гунҷад ё дами сард.

пешина
аз 349
навбатӣ