Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу насрин баркушода нохуне чанд,
Ба насрин барги гул аз лола меканд,
Гаҳе бар шаккар аз бодом зад об,
Гаҳе хойид фундуқро ба унноб.
Гаҳе чун гӯй ҳар сӯ медавидӣ,
Гаҳе бар ҷой чун чавгон хамидӣ.
Намак дар дидаи бехоб мекард,
Зи наргис лоларо сероб мекард.
Дарахте баршуда чун гунбади нур,
Гудозон гашт чун дар об кофур.
Баҳоре тоза чун рахшанда маҳтоб,
Зи ҳам бигсаст чун бар хок симоб.
Шабехуни ғам омад бар раҳи дил,
Шикаст афтод бар лашкаргаҳи дил.
Каминсозони меҳнат барнишастанд,
Язакдорони тоқатро шикастанд.
Зи бунгоҳи ҷигар то қалби сина
Ба ғорат шуд хазина бар хазина.
Ба сад ҷаҳд аз миён султони ҷон раст,
Валек он гаҳ, ки хидматро миён баст.
Гаҳе дилро ба нафрин ёд кардӣ,
Зи дил чун бедилон фарёд кардӣ.
Гаҳе бо бахт гуфтӣ, к-эй ситамгор,
Накардӣ, то туӣ, з-ин зишттар кор,
Муродеро, ки дил бар вай ниҳодӣ,
Ба даст овардиву аз даст додӣ,
Фурӯ шуд ногаҳон поят ба ганҷе,
Зи даст афшондиаш бе пойранҷе.
Баҳореро, ки дар бар вай кушодӣ,
Рабудӣ гул, ба дил хораш ниҳодӣ,
Чароғе, к-аз ҷаҳонаш баргузидӣ,
Туро доданду бодаш дардамидӣ.
Ба оби зиндагонӣ даст кардӣ,
Ниҳон шуд, лоҷарам, к-аз вай нахӯрдӣ,
Зи матбах баҳра ҷуз оташ набудат
В-аз он оташ нишоти хуш набудат,
Аз он оташ баромад дудат акнун,
Пушаймонӣ надорад судат акнун.
Гаҳе фаррух сурӯши осмонӣ
Дилаш додӣ, ки ёбӣ комронӣ.
Гаҳе деви ҳавас мебурдаш аз роҳ
Ки мебоист рафтан бар пайи шоҳ.
Чу бисёре дар ин меҳнат ба сар бурд,
Ҳам охир з-он миён киштӣ бадар бурд.
Ба сад зорӣ зи хоки роҳ бархост,
Зи бас хорӣ шуда бо хоки раҳ рост.

пешина
аз 349
навбатӣ