Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба даргоҳи Меҳинбону гузар кард,
Зи кори шоҳ бонуро хабар кард.
Дили бону мувофиқ шуд дар ин кор,
Насиҳат карду пандаш дод бисёр,
Ки собир шав дар ин ғам рӯзаке чанд,
Намонад ҳеҷ кас ҷовид дар банд.
Набояд тездавлат буд чун гул,
Ки оби тезрав зуд афканад пул.
Чу гӯй афтону хезон беҳ бувад кор,
Ки ҳар кас, к-ӯ фитад, хезад дигар бор.
Нарӯяд ҳеҷ тухме, то нагандад,
На коре баркушояд, то набандад.
Мурод он беҳ, ки дер ояд фародаст,
Ки ҳар кас зудхур шуд, зуд шуд маст.
Набояд роҳрав, к-ӯ зуд ронад.
Ки ҳар к-ӯ зуд ронад, зуд монад.
Харе, к-ӯ шаст ман баргирад осон,
Зи шасту панҷ ман набвад ҳаросон.
Набинӣ абр, к-ӯ тундӣ намояд,
Бигиряд сахту он гаҳ баркушояд.
Бибояд сохтан бо сахтӣ акнун,
Кӣ донад кори фардо чун бувад, чун!
Басе дар кори Хусрав ранҷ дидӣ,
Басе хориву душворӣ кашидӣ,
Агар суде нахӯрдӣ з-ӯ, зиён нест,
1
Бувад нохӯрда яхнӣ, бок аз он нест.
Чу вақт ояд, ки об ояд фарозер,
Намонад давлатат дар корҳо дер.
Бад аз нек он гаҳе ояд падидат,
Ки қуфл аз кор бикшояд калидат.
Басе дебо, ки ёбӣ сурху зардаш,
23
Кабуду азрақ ояд дар навардаш.
Басо дурҷо, ки бинӣ гардфарсой,
Бувад ёқут ё пирӯзаро ҷой!
Чу бону з-ин сухан лахте фурӯ гуфт,
Бути бесабр шуд бо собирӣ ҷуфт
В-аз ин дар низ Шопури хирадманд
Ба кор овард бо ӯ нуктае чанд.
Дилашро дар сабурӣ банд карданд,
Ба ёди Хусраваш хурсанд карданд.
Шикебо шуд дар ин ғам рӯзгоре,
На дар тан дил, на дар давлат қароре.

1
Маънии маъмул дорад, лекин дар ин ҷо ба маънои захираи таом.
Моил ба сабзӣ ё зардӣ.
Асбоби бофандагӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ