Ҳафтахтар Ҷилди 3

ВАСИЯТ КАРДАНИ МЕҲИНБОНУ ШИРИНРО
Меҳинбону дилаш додӣ шабу рӯз,
Бад-он, то нашканад моҳи шабафрӯз.
Яке рӯзаш ба хилват пеши худ хонд,
Ки умраш остин бар давлат афшонд.
Калиди ганҷҳо додаш, ки баргир,
Ки пешат мурд хоҳад модари пир.
Даромад кори андомаш ба сустӣ,
Ба беморӣ кашид аз тандурустӣ,
Чу рӯзе чанд бар вай ранҷ шуд чир,
Тан аз ҷон сер шуд, ҷон аз ҷаҳон сер.
Ҷаҳон аз ҷони ширинаш ҷудо кард,
Ба Ширин ҳам ҷаҳон, ҳам ҷон раҳо кард.
Фурӯ рафт офтобаш дар сиёҳӣ,
Буна дар хок бурд аз тахти шоҳӣ.
Чунин аст офаринишро вилоят,
Ки бошад ҳар баҳореро ниҳоят.
Наомад шишае аз санг дар даст,
Ки боз он шишаро ҳам санг нашкаст.
Фиғон з-ин чарх, к-аз найрангсозӣ
Гаҳе шиша кунад, гаҳ шишабозӣ.
Ба аввалаҳд занбӯр ангубин кард,
Ба охираҳд боз он ангубин хӯрд.
Бад-ин қолаб, ки бодаш дар кулоҳ аст,
Машав ғарра, ки муште хоки роҳ аст.
Зи боде, к-ӯ кулоҳ аз сар кунад дур,
Гиёҳ осуда бошад, сарв ранҷур.
Бад-ин хон, к-ӯ бино бар бод дорад,
Машав ғарра, ки бад бунёд дорад.
Чи мепечӣ дар ин доми гулӯпеч.
Ки ҷавзе пуда бинӣ, дар миён ҳеч.
Чу рӯбоҳону харгӯшон манеҳ гӯш
Ба рӯбаҳбозии ин хобхаргӯш.
Басо шери шикору гурги ҷангӣ,
Ки шуд дар зери ин рӯбаҳпалангӣ.
Назар кардам зи рӯи таҷрибат, ҳаст
Хушиҳои ҷаҳон чун хориши даст,
Ба аввал дастро хориш хуш афтад,
Ба охир даст бар даст оташ афтад.
Ҳам эдун ҷоми гетӣ хушгувор аст,
Ба аввал мастиву охир хумор аст.
Раҳо кун ғам, ки дунё ғам наарзад,
Макун шодӣ, ки шодӣ ҳам наарзад.
Агар хоҳӣ ҷаҳон дар пеш кардан,
Шикамворӣ нахоҳӣ беш хӯрдан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё