Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ғазалҳои Низомиро ғизолон
Зада бар захмаҳои чанг нолон.
Барои таассуроти бештар ва қазовати заминадортари хонандагон аз ашъори ғайри «Хамса»-и шоир боз ду ғазалро манзур менамоем. Аз «Тазкират-уш-шуаро»:
Ҷаҳон тира-сту раҳ мушкил, ҷанибатро инон даркаш,
Замоне рахти ҳастиро ба хилватгоҳи ҷон даркаш.
Калоғони табиатро зи боғи унс берун кун,
Ҳумоёни саодатро ба доми имтиҳон даркаш.
Чу хосулхоси Ҳақ гаштӣ, зи сурат пой неҳ берун,
Ҳазорон шарбати маънӣ ба як дам ройгон даркаш.
Гаронҷонӣ макун ҳаргиз ту дар базми сабукрӯҳон,
Чу соқӣ гармрӯ гардад, сабук ратли гарон даркаш.
Биҳишту дӯзахаш бинӣ, машав машғули ин ҳар ду,
Қадам бар фарқи дӯзах неҳ, хате гирди ҷинон даркаш.
Чу масти ҳазраташ гаштӣ, фалакро хайма барҳам зан,
Сутуни арш дарҷунбон, таноби осмон даркаш.
Тариқаш бе қадам мерав, ҷамолаш бе басар мебин,
Ҳадисаш бе забон бишнав, шаробаш бе даҳон даркаш.
Низомӣ, ин чи асрор аст, к-аз хотир бурун кардӣ,
Касе рамзат намедонад, забон даркаш, забон даркаш!
Аз «Маҷолис-ун-нафоис»:
1
Ҷавбаҷавмеҳнати ман з-он рухи гандумгун аст,
Ки ҳама шаб рухи чун коҳам аз ӯ пурхун аст.
Донаи гандуми ӯ сунбули тар дорад бор,
Камтарин хӯшаи ӯ Сунбулаи гардун аст.
Ман нахӯрдам бар аз ӯ, сабрам аз ӯ гандум хӯрд,
К-аз биҳишти рухи ӯ чашми раҳӣ берун аст.
Аз тарозуи ду зулфаш чу ҷаве мушк харам,
Гандуме хоҳамаш афзун, ки сухан мавзун аст.
Ман чу гандум шудаам аз ғами ӯ - дил ба ду ним
В-ин ғам ӯро ба яке ҷав, ки Низомӣ чун аст!
Ишораи ҷолиби дигаре низ дорад, ки ба фикрҳои мухталиф талқин мекунад:
Низомӣ, чу ин достон шуд тамом,
Ба азми шудан низ бардошт гом,
Ҷавоҷав – нукта ба нукта, саропо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё