Ҳафтахтар Ҷилди 3

ОМАДАНИ ШИРИН БА МАДОИН
Ба Гулгуни раванда рахт барбаст,
Зада Шопур дар фитроки ӯ даст
В-аз он хубон, чу дар раҳ пой бифшурд,
Канизе чандро бо хештан бурд,
Ки дар ҳар ҷой бо ӯ ёр буданд,
Ба ранҷу роҳаташ ғамхор буданд.
Басе бардошт аз дебову динор,
Зи ҷинси чорпоён низ бисёр.
Зи гову гӯсфанду аспу уштур
Чу дарё карда кӯҳу даштро пур
В-аз он ҷо сӯи қаср омад батаъҷил,
Паси ӯ чорпоён мил дар мил.
Дигар раҳ дар садаф шуд луълӯитар,
Ба санги хештан-дар дод гавҳар.
Ба ҳури ҳиндувон омад хазина,
Ба сангистони ғам рафт обгина.
Аз он дурри хушоб он санги сӯзон
Чу оташгоҳи мӯбад шуд фурӯзон.
Зи рӯи ӯ, ки буд хуррам баҳоре,
Шуд он оташкада чун лолазоре.
Зи гармӣ, к-он ҳаво дар кори ӯ буд,
Ҳаво, гуфтӣ, ки гармидори ӯ буд.
Малик донист, к-омад ёр наздик,
Бидид уммедро дар кор наздик.
Зи Марям буд дар хотир ҳаросаш,
Ки Марям рӯзу шаб медошт посаш.
Ба маҳд оварданаш рухсат намеёфт,
Ба рафтан низ ҳам фурсат намеёфт.
Ба пайғоме қаноат кард аз он моҳ,
Ба боде дил ниҳод аз хоки он роҳ.
Набудӣ як замон бе ёди дилдор
В-аз он андеша мепечид чун мор.
ОГАҲИИ ХУСРАВ
АЗ МАРГИ БАҲРОМИ ЧӮБИН
Чу шоҳаншоҳи субҳ омад бар авранг,
Сипоҳи Рум зад бар лашкари Занг.
Баромад Юсуфе норинҷ дар даст,
Турунҷи маҳ Зулайховор бишкаст.
Шуд аз чашми фалак найрангсозӣ,
Кушод абрӯйҳо дар дилнавозӣ.
Дари пирӯзагун гунбад кушоданд,
Ба пирӯзӣ ҷаҳонро мужда доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё