Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Замона эмин аз ғавғову фарёд,
Замин осуда аз ташнеъу бедод.
Ба фоли фарруху перояи нав
Ниҳода хусравонӣ тахти Хусрав.
Саропарда ба сидра сар кашида,
2
Самотине ба гардун баркашида.
Ситода Қайсару Хоқону Фағфур
Як омоҷ аз бисоти пешгаҳ дур.
Ба ҳар гӯша муҳайё карда ҷое,
Бар ӯ зону зада кишвархудое.
Тарафдорон, ки саф дар саф кашиданд,
Зи ҳайбат пушти пои хеш диданд.
Касе, к-аш дар дил омад сар буридан,
Наёраст аз сиёсат боздидан.
Зи бас гавҳар камарҳои шабафрӯз
Дари густохбинӣ баста бар рӯз.
Қабо баста камардорони чун пил,
Камарбанде зада миқдори даҳ мил.
Дар он саф, к-оташ аз бим об гаштӣ,
Сухан гар зар будӣ, симоб гаштӣ,
Нишаста Хусрави Парвиз бар тахт,
Ҷавонфарру ҷавонтабъу ҷавонбахт.
Дурӯя гирди тахти подшоӣ-ш
Кашида саф ғуломони сароӣ-ш,
Зи хомӯшӣ дар он зарринапаргор
Шуда нақши ғуломон нақши девор.
Заминро зери тахт ором дода,
Ба расми хос бори ом дода.
Ба фатҳулбоби давлат бомдодон
Зи дар пайке даромад сахт шодон,
Замин бӯсиду гуфто: шодмон бош,
Ҳамеша дар ҷаҳон шоҳи ҷаҳон бош,
Ту зарринбаҳра бош аз тахти заррин,
Ки чӯбинбаҳра шуд Баҳроми Чӯбин,
Нишот аз хонаи чӯбин бурун тохт,
Ки чӯбин хона аз душман бипардохт.
Шаҳаншаҳ аз дили сангини айём
Масал зад бар тани чӯбини Баҳром,
Ки то бар мо замона чӯбзан буд,
Фалак чӯбакзани чӯбинатан буд.
Чу чӯби давлати мо шуд баровар,
Маҳи Чӯбина чӯбин шуд ба Ховар.

Бадгӯӣ, бадкорӣ.
Хонаи ороста.

пешина
аз 349
навбатӣ