Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На ин Баҳром, агар Баҳроми Гӯр аст,
Саранҷом аз ҷаҳонаш баҳра гӯр аст.
Агар Баҳроми Гӯре рафт аз ин дом,
Биё, то бингарӣ сад гӯри Баҳром.
Ҷаҳон то дар ҷаҳон ёрӣ-ш мекард,
Таманнои ҷаҳондорӣ-ш мекард.
Куҷо он шер, к-аз шамшергирӣ
Чу мастон кард бо мо шергирӣ.
Куҷо он теғ, к-оташ дар ҷаҳон зад,
Тапонча бар дирафши ковиён зад.
Басо фарзонаро, к-ӯ шерзод аст,
Фиреби хокиён барбод додаст.
Басо гурги ҷавон, к-аз рӯбаҳи пир
Ба афсун баста шуд дар доми нахчир.
Аз он бар гург рӯбаҳрост шоҳӣ,
Ки рӯбаҳ дом бинад, гург моҳӣ.
Басо шаҳ, к-аз фиреби ёфагӯён
Хусуматро шавад бевақт ҷӯён.
Саранҷом аз шитоби хомтадбир
Ба ҷои парниён бар дил ниҳад тир.
Зи мағрурӣ кулоҳ аз сар шавад дур,
Мабодо кас ба зӯри хеш мағрур!
Чароғ арчи зи равған нур гирад,
Басе бошад, ки аз равған бимирад.
Хуришҳоро намак рӯ тоза дорад,
Намак бояд, ки низ андоза дорад.
Махӯр чандон, ки хурмо хор гардад,
Гувориш дар даҳон мурдор гардад.
Чунон хур, к-аз заруратҳои ҳолат
Ҳароми дигарон бошад ҳалолат.
Муқимеро, ки ин дарвоза бояд,
Ғаму шодӣ-шро андоза бояд.
Маҷӯ болотар аз даврони худ ҷой,
Макаш беш аз гилеми хештан пой.
Чу дарё бармазан мавҷе, ки дорӣ,
Мапар болотар аз авҷе, ки дорӣ.
Ба қадри шуғли худ бояд задан лоф,
Ки зардӯзӣ надонад бӯрёбоф.
Чӣ некӯ достоне зад ҳунарманд:
1
«Ҳалила бо ҳалила, қанд бо қанд».
На фаррух шуд ниҳоди нав ниҳодан,
Раҳу расми куҳан барбод додан.
Ба қандили қадимон-дар задан санг,
Ба колои ятимон-бар задан чанг.

Навъе дору.

пешина
аз 349
навбатӣ