Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Субҳон Каримович (Назаровро чунин ному насаб аст) он чӣ ки айён аст ҳоҷат ба баёнаш нест,– гуфт Воҳид Камол.
– Чӣ хел?
– Аз он чӣ, ки милиса ба кадом як духтараке санъати тирпарониро аз тапончаи тамғаи «Макаров» ёд медиҳад, фоли нек нест, ин як. – Дуюм аз рӯйи санаи пушти расмҳо бармеояд шахсе ки бо ҳамин духтарак дар моҳи октябр шинос будааст, нисбат ба Беназир, ки хело дертар бо вай ба дараи Варзоб рафтааст ҷуръаи маргро дертар нушида...
– Ин духтарак кию чикора аст, мо албатта намедонем, ё гапам нодуруст? – ба тарафи ман нигариста пурсид Воҳид Камол.
Ман хостам, ки дар бораи вохӯрии ҳамин духтарак бо ҳамкорамон Салим Ворис гап занам, вале боз андеша намудам, ки болои ҳамкор соя наафканам, ҳарчанд ман медонистам, ки ин ҳолатро рӯйпуш кардан имкон надорад ва ба худ аҳд намудам, ки баъди бозгашт аз Чинор аз натиҷаи ташрифи ғайри қонуниам ба гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо ва бо кадом роҳ ба даст овардани ин ду расм гузориши муффасал навиштанам ногузир аст. Бинобар ин гуфтам: – Не, дуруст.
– Аҷиб, ки ин расмҳоро аз куҷо ба даст овардед?– боз пурсид сарвари ШКД.
– Дар ин бора баъди бозгашт аз Чанор гузоришамро пешниҳод хоҳам кард.
– Ҳа, дар воқеъ вақти рафтан шуд,– гӯён Воҳид Камол ба суҳбатамон нуқта гузошта, аз ҷой бархест ва ҳарду расми то кунун дар рӯйи мизи кориаш бударо ба дастам дод.
Мо тариқи се автомашинаи сабукрав соате пас ба Чанор расидем.
Соате дар он ҷо истода, боз ба шаҳр баргаштем. Дар муддати дар он ҷо будан ман хело кӯшидам, ки ақалан ҳамон шиноси деринаамро, ки он шаб дар майдончаи қабати панҷуму шашуми бинои нуҳошиёна ҳамроҳи Анори Зокир дида будам мебинам, вале ҳама ҷаҳду талошҳоям бе натиҷа баромад. Дар бораи вай ман тариқи суҳбатҳои пардапушона низ маълумоте ба даст оварданӣ шудам, вале чанд тан гуфтанд, ки ӯро дида бошанд ҳам кию чикора буданашро намедонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор