Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ронандагон худашон навбатро риоя намекунанд ва дар рӯйи мусофирҳои роҳгумзада талошак мекунанд...
Хайрият чунин амал дар байни ронандагоне, ки азми сафари Чанор доштанд, набудааст.
– Ба куҷо азми сафар доред? – пурсид ронандае, ки автомашинааш дар рӯ ба рӯйи собиқ мағозаи «Волга» меистод.
– Ба Чанор.
– Набошад ба тарафи дигари роҳ гузаред, истгоҳи чанориён ин ҷо нест.
– Ташаккур,– гӯён ман ба ҳамон самти нишондодаи вай ҳаракат намудам.
Тахминан баъди бист – бисту панҷ дақиқа автомашинаи тамғаи «Волво» дар паҳлуям истода, дари паҳлӯйи росташро кушода гуфт: – Агар ба Чанор рафтанӣ бошед...
Чун автомашина ба роҳ баромад ронанда гуфт:
– Ба фикрам дирӯз шуморо дар Чанор дидам, ё гапам нодуруст?
– Мутлақо гапатон ҳақ,– бигуфтам ман, ки дар синну сол аз ронанда калон будам.
– Амаки Назир ба шумо хешу табор аст?
– Не, ман ҳамкори Беназир.
– Яъне ки милисаед?
– Ҳа, милиса.
– Мақсади сафаратонро нафаҳмидам.
– Мо дар бораи Беназир маълумоти бештаре гирифтан мехоҳем.
– Магар тайи як соли кор нафаҳмидед, ки ӯ чӣ кас аст?
– Ин барои тафтишот лозим.
– Барои тафтишот?
– Бале барои тафтишот.
То ҳастам ай дӯст надонӣ, ки кистам?
Рӯзе суроғ наздам ойӣ, ки нестам.
– Чӣ суханони баланде.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор