Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар кӯчаи Қаҳрамон, хонаи 117, ҳуҷраи 31 Маликов Файзиддин Сафолович зиндагӣ мекунад. Ӯ дар заводи «Тоҷиктекстилмаш» кору фаъолият дорад.
– Пас «дӯсти» моро чӣ ному насабест?
– Намедонам.
– Ба фикрам суръати ҳаракати мо аз пеш дида ба қафо бештар аст.
– Васияти доҳӣ16 ҳам чунин буд «як қадам ба пеш ду қадам ба қафо».
– Васияти доҳӣ, васияти доҳӣ, магар дар кори мо ақалан пешравие ҳаст, ки онро як қадам ба пеш номем?
– Албатта.
– Хуш, кадом пешравиҳоро ба назар доред?
– Мо акнун муайян намудем, ки Маликов соқу саломат буддааст, магар ин кам аст,– хандида бигуфт Наврӯз Умар.
– Шухӣ мекунед?
– Магар аз гиря нафъе ҳаст?
– Маликов нагуфт, ки чӣ тавр шиносномаашро ба дӯсти мо додааст?
– Гуфт, ки се моҳ пештар шиносномаашро дар автобус дӯздидаанд.
– Шумо бошед бовар намудед?
– Ӯро алиби мустаҳкамест.
– Хуш, он чӣ алибист?
– Дар ШКД – и ноҳияи Сино аризаи ӯ дар бораи гум шудани шиносномааш аз 04.12... ба қайд гирифта шудааст.
– Боз чӣ?
– Ташхисгарон бар он андешаанд, устое ки расми раисро ба ҷойи расми Маликов гузоштааст «заргари» моҳирест.
– Пиразан аз куҷо фаҳмидааст, ки иҷоранишинаш бо зиндагӣ падруд гуфта?
– Гуфт, ки зане ба хонаи вай занг задааст.
– Ному насабаш?
– Аз кӣ?
– Аз ҳамон нафаре, ки занг задааст?
– Мо дар ин бора пурсидем, вале бе натиҷа.

пешина
аз 515
навбатӣ