Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дигар илоҷе наёфтаму тағйири либос намуда, аз хона баромадам. Сари роҳ ба бозор даромада, баҳри мӯйсафед як тӯҳфачаи хоксоронае гирифтаму боз ба таксӣ нишастам ва ҳамагӣ се дақиқа пеш аз вақти таъйиншуда пой бар остонаи тарабхонаи «Душанбе» гузоштам.
Дар ҳамин ҷашни мубораки устод банда дуюмбора бо нафаре шинос шудам, ки ду даҳсола пештар ӯро ҳамроҳи полковники мустаъфӣ Амириён аз вартае берун оварда будем.
– Ин касро мешиносед? – бандаро ба нафаре, ки ҳанӯз паси мизе танҳо менишаст муаррифӣ намуд соҳибҷашн.
– Агар хатто накунам ин кас Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов ба фикрам он солҳо капитан буд. Аҷаб нест, ки акнун генерал ё ками кам полковник нашуда бошад,– гуфт ҳамон нафаре, ки ман кию чикора буданашро ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардам.
– Дар ин бист сол ӯ ҳамагӣ як зина боло рафтааст ва аз рӯйи шунидам, ҳатто дафтари кориаш ҳам ҳамон дафтари кории пештарааш, вазифааш ҳам ҳамоне, ки буд боқӣ монда.
– Афсӯс.
– Хуш, Акбар Ҳакимович эшонро (ӯ ба дасташ ба сӯйи мусоҳибаш ишора намуд) мешиносед?
– Симояшон шинос, вале афсӯс, ки домуллоро дар куҷо дидам ба ёд оварда наметавонам.
– Маълум, ки пир шуда рафтаед.
– Пирӣ ҳам давлат аст.
– Худо шуморо ҳам ба ҳамин сину соли мо расонад,– гӯён Амириён омин гуфта, даст ба рӯй бурд ва ману мусоҳиби ӯ низ амали вайро такрор намудем.
– Ин кас Қурбони Амиршоҳ шояд акнун ба ёд овардед?
– Не.
– Ба ёдат бошад соли дуюми корӣ банда дар ШКД – и ноҳияи Гулистон автомашинаи «ГАЗ 24» – ро бо ду килограмму 600 грам маводи мухадир ҳангоми гузаронидани рейд дар кӯчаи Партизани Сурх боздоштанд ва сари ҳамин бор байни ронанда ва мусофири вай баҳсе шуд, ки ҳисобу китобаш гум чунки худи мусофирдухтарак собит намудан хост, ки бор аз ӯ нест, ронанда бошад баръакс...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор