Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Худ қазоват намоед, ки Офаридгор бо онҳо чӣ кард. Он яке мубталои нафс гашта ҳадафи тир қарор гирифт. Дигаре зиндонӣ шуд, акнун ӯро барои кирдорҳои нопокаш лозим аст, ки назди қонун ҷавоб гӯяд.
Ба қавле шармандаи ҳар ду олам гашт. Акнун ӯ ҷомаи сиёҳеро мемонад, ки ҳаргиз бо шустан сафед нагардад.
Бандаро дар ин омад - омади субҳ як чиз ором намегузошт, ин ҳам бошад ба милиса роҳ ёфтани Беназиру Салим. Ба пин-дори банда милиса ин маъбад аст ва оне ки бе таҳорат пой бар ин остона мегузорад дер ё зуд расво мешавад. Барои ба маъбад ворид шудан танҳо таҳорати зоҳир кифоя нест ва ҳар киро, ки ин касб пеша мекунад таҳорати ботин лозим...
Ман ҳар қадар кушидам, ки муносибати Салим ва Беназирро дар рафти кор ба хотир биёрам натавонистам. Акнун ки худи Салим он рози ниҳон ошкор намуда буд ба ҷуз таассуф моро дигар чорае набуд.
Лашкари аҷнабиёни дар муҳосира монда даст ба шабохун заданд. Маълум буд, ки аз дар ғуломӣ умр ба сар бурдан онҳо маргро афзалтар мешуморанд. Ба хотири нарехтани хуни ноҳақ ман боз тирезаро кушодам то аҷнабиёни дар муҳосира буда фирор намоянд.
Даву този лашкари аҷнабиёнро дида ман афсӯс бар он хурдам, ки Бобур Фаррух қадри озодӣ надонист, вале ӯро ҳам гунаҳкор кардан аз рӯйи инсоф набуд. Кӯзапӯштро танҳо хоки гӯр рост мекунад, ё чӣ хеле ки мегӯянд он чӣ ки ба шир дар бадан рафт, он гоҳ биравад, ки ҷон зи тан рафт ва баъди шиноси банда Анори Зокир дар ду – се вохӯриаш бо ман ҳамин кӯзапӯштро ҳимоя кард.
– Ба кадом хотир?
Ба суоли худ ҷавоб ёфта натавонистам.
Ба пиндори Салим Ворис харшахаи байни Тӯфон ва раисро аз рӯйи муҳаббат ҷустан хаттост, пас ин ҳамаро сабаб чист ман намедонам, вале аминам, ки дирӯз бегоҳӣ баъди рафтани банда ба прокуратура Наврӯз Умар бо Анори Зокир дар ин бора суҳбат намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор