Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ташхисгар баластик дар асоси қарори муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф тири аз ҷисми (аз сари) Норматов Алихон Аслонович бурун омадаро мавриди таҳлили худ қарор дода, аз рӯйи нишонаҳои дар он монда, ки характери индувидуалии ҳар яроқро муайян месозад аз кадом навъи яроқ бурун омадани онро арзёбӣ намуда буд ва натанҳо ҳамин ҷузъиётро... дар бойгонии ЭКО ду тири дигар низ, ки айнан аз рӯйи нақш ва хусусиятҳои индувидуалиашон аз ҳамин яроқ бурун омадаву косачаи зону ва китфи рости аскари қаторӣ Зуҳуров Аҳрор Ҳалимовичро як сол пештар ярадор сохтаву дармонда буд маҳфуз буд. Ҳоло Зуҳуров дар куҷо буд, касе намедонист, вале муҳим он буд, ки нақши монда боз овоз рушан кард...
– Хуш, чӣ хел?
– Бад не.
– Ташхисгар баластик дар иҷрои вазифаи худ ниҳоят масъулиятшинос бўдааст.
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
– Чаро ҳарду тири аз тапонча бурун омада, дар бадани Зуҳуров дармондаанд.
– Ба фикрам нишонгир нисбат ба вай дар масофаи ниҳоят наздик қарор доштааст ва дар ҳарду ҳолати аввала ҳам тирҳо дар устухон дармондаанд.
– Хоҳиш мекунам фардо субҳ ба прокуратураи ҳарбӣ равед,– гӯён муфаттиш мактуби ба унвони сарпрокурори ҳарбӣ тайёрнамудаашро ба дастам дод.

... 45 ...

То нимаи дуюми рӯзи чоршанбе банда дар сарпрокуратураи ҳарбӣ мондам. Парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи факти ярадор намудани собиқ хизматчии ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ аскари қаторӣ Зуҳуров А.Ҳ., ки дар минтақаи Шуробод тариқи таппончаи тамғаи «Марголин» ярадор шуда, дар истеҳсолот боздошта шуда буд.
Аз ҳуҷҷатҳои парвандаи мазкур бармеомад, ки шаби 11 ба
12 майи соли гузашта, гурӯҳи чорнафарае ҳангоми убури дарёи Ому дар минтақаи Шуробод ҳадафи тири сарҳадбонон қарор гирифта, боз ба соҳили чапи дарё рафтанд.

пешина
аз 515
навбатӣ