Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зӯҳро Шафиевна саргарми тамошои роҳи набера шуда, ҳатто гузоштани намози хуфтанро фаромӯш кард. Ӯ ба ёд овард, ки ҳатто ҷойнамозашро нағундоштааст.
Дилаш гувоҳӣ медод, ки дер ё зуд ҷавоне набераи шабгардашро то ба пеши бино хоҳад овард. Дар чунин ҳолат ӯ набераро, ки нишонаи аввалину охирини умраш аст аз макру фиреби мардон огоҳ хоҳад кард. Агар набера ба панду ҳикматҳои бибӣ гӯш меандохт ҳаргиз хоре ба пояш намехалид. То кунун он ҳама панду ҳикмати бибӣ натиҷае надоданд ва ояндаашро ҳам Худо медонист, вале Зӯҳро Шафиевна ба оянда бо чашми нек менигарист.
Кампир, ки то кунун ба самти пеши бино наззора дошт, дарди ҷонкоҳи миёнро ҳис намуда, қоматашро каме рост кард.
Қоматашро рост карду алангаи хурди оташеро, ки як шуъла заду хомӯш шуд, дар рӯ ба рӯяш дид.
– Худоё, ин мардум дар он бинои вайрона чи меҷӯста бошанд, – аз дил гузаронд кампир ва нигоҳашро ба ҳамон самт, ба самти биное, ки сохтмонаш аз замони Империяи Бузург2 то кунун анҷом наёфта буду муҷассамаи ҳайбатро мемонд, равон сохт.
Ҳарчанд ӯ кушид дигар аз он шуълаи яклаҳзаина нишоне надид, мисли оне ки чароғро ба оби ҷӯй зада бошӣ, ҳама ҷо хомӯшу торик буд ва тарҳи он бинои шири уштурхӯрда ба дили ӯ низ даҳшат зер кард, ки боз чашм ба роҳи набераи шабгард дӯхт то ин даъфа гуноҳи ӯро дайн намояду вайро аз макру фиреби мардҳо огоҳ созад…
Зӯҳро Шафиевна дар қабати сеюми бинои ҳаштошёна дар маҳаллаи ашрофзодагон истиқомат дошт. Бино аслан дар шафати роҳи калон воқеъ буд, вале собиқ сарвари коммунистони ноҳия баҳри хеш ҳуҷраи сехонагиеро аз самти муқобили бино интихоб кард, то субҳгоҳон садои гушхарошӣ автомашинаю троллейбусҳо хоби ширини мағзи донаки ӯро, ки падар аз вай рӯ гардонида буд нороҳат насозанд.
Дар солҳои охири ҳукмронии СССР дар замоне, ки ӯ алакай дар нафақа буд, дар рӯ ба рӯи бинои онҳо баҳри дигар ашрофзодагони дар сари қудрат буда, тарҳи иморати нуҳошёнаеро барафрохтанд. Чун бино тарҳи асосии хеш бигирифт СССР пош хӯрд ва нобасомониҳое байни миллат сар зад.

пешина
аз 515
навбатӣ