Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Субҳия бо он марди дар хизматаш камарбаста, ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда, чун ҳар як зани ашрофзода бо сари баланду қадамҳои устувор ба тарафи бино ҳаракат кард.
Аз ҷойи исти автомашина то даромадгоҳи бино сӣ – чил қадам буд ва аз даст афшонии гуселкунанда пиразан ба хулосае омад, ки Субҳия вориди бино шуд. Дар ҳамин асно гуселкунанда тоб хӯрда аз қисми пеши автомашина ба тарафи чапи он гузаштанӣ шуд. Ӯ ҳанӯз пеши автомашинаро дуруст убур накарда буд, ки аз сӯи бинои нотамом шарораи хурде бурун ҷасту гуселкунандаи Субҳия пеши автомашина рӯйи роҳ афтид.
Пиразан лаҳзае нигоҳашро аз замин барканда чашм ба сӯи бинои нотамом дӯхт.
Худоё, худаш чӣ гап? Нафаре паси тирезаи қабати сеюми он бинои «шири уштурхӯрда» худи ӯро ба нишон гирфтан мехост.
Он чи ки пиразан дид ба ақл рост намеомад. Дар ҳоле ки шахси ӯро ба нишонгирифта бояд қулангро зер мекард, худаш аз қабати сеюми бинои нотамом сарозер ба поён рафт.
Агар теғи олам биҷунбад зи ҷо,
Набурад рагеро нахоҳад Худо.
Аввалин фикри ба сараш омада ҳамин гуфтаҳои Бибихалифа буданд ва ӯ гиребони хеш бигрифту назди даргоҳи Офаридгор тавба кард.
Субҳия чун вориди хона шуд бибиашро паси тирезаи балкон, дар оғӯши нимторикӣ сари тавбаю надомат дид.
– Худаш чи гап, чаро ин ҷо истодаед?
– Роҳи туро мепоям бачам.
– Роҳи маро?
– Ҳа, роҳи туро.
– Хайр, ана, ман омадам.
– Мебинам, ки омадӣ, вале бо кадом нарх.
– Чиро дар назар доред?
– Раву бубин.
– Чиро?
– Чиро не киро гӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё