Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асад Ғанӣ ҳам имрўз сари ҳамин қаср ба гўши вай хело ваъз гуфт, ваъзи беҳуда. Қаср аллакай моли дигар кас буд ва ҳама талошҳои сарназоратчии қонун аз дусар бе натиҷа мемонданд. Охир, мудири бонки саҳомии «Кишоварз» на он қасрро харидорӣ кардаву на фурўхта. Гулбарг Амон дар ин ҷода аз шавҳараш дида тахаюлоти бойтаре доштааст. Ба ақидаи муфаттиш нафрати зан на танҳо нисбат ба шавҳар, балки нисбат ба аҳли байташ ҳам беҳисоб будааст.
Гулбарг Амон гуфт, ки фардо дар нимаи якуми рўз маросими видоъ бо мудири бонк ва муҳофизи ў будааст. Ба ақидаи хешу табори Розиқ Амон аз нимаи якуми рўз гузаронидани намози ҷаноза хуб набудааст, чунки рўзи ҷумъа мегузаштааст.
Ин ақидаи хешу таборони онҳое буд, ки тариқи тири нохалафе ҷони хеш аз даст додаву ба қавле шаҳид гаштаанд.
Худи ҳамсари Розиқ Амон бошад, ақидаи дигар дорад. Ба ақидаи ў падару бародарони вай шаҳид шуда буданд. Розиқ Амон бошад, хуни онҳоро бирехт, дурусттараш бо амри ў хуни падару бародарони вай бирехтанд ва акнун бо амри илоҳӣ кадоме хунбаҳои падару бародарони ў гирифт. Аз рўйи ў шуда ҷавоне, ки аз сад гулаш як гулаш нашукуфта буд (Маҷнун Замир дар назар аст) ҷони ҷавони хеш аз даст дод. Таассуфи ҷавонзан танҳо нисбат ба ҳамин ҷавон буд.
Фардо ҷаноза ва ҷисми ҳардуро сари субҳ аз мурдахона бо рухсати ў мебароранд. Ҳарчанд то кунун хулосаи ташхиси тиббӣ ба дасти ў нарасидааст, вале худи ташхис ба анҷом расонида шудааст. Фардо субҳ ў бояд ба мурдахонаи шаҳрӣ, ки дар мавзеи боғи марказӣ воқеъ аст, биравад ва ҳарду ҷасадро барои бо роҳи охират гусел намудан ба соҳибонашон баргардонад. Ба суоли ў ки оё Гулбарг Амон ба мурдахона баҳри гирифтани ҷисми сарди шавҳар меояд ё на ҷавонзан чунин посух дод:
– Албатта, ман дигар нисбат ба ў ягон нафрате надорам, чунки вай ҷазои хеш аз офаридгор бигирифт. Ба замми ин ман намехоҳам, ки модари пири ў кӣ будани келинашро фаҳмад. Ба фикрам фардо чун актриса банда бояд нақши хеш бибозам ва ҳатто каме ҳам оби чашм резам…
– Бубахшед, каме дер мондам, – аз лаълии калон косаи таомро, ки ба сифати зарфи таомпазӣ истифода бурда шуда буд, бардошта онро ба косаи дигаре рехт ва косаи дуюмро назди меҳмон гузошт.

пешина
аз 558
навбатӣ