Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ташаккур. Як чизро пурсиданӣ будам, – фурсатро муносиб дониста гуфт муфаттиш.
– Марҳамат, пурсед, – гўён нонро шикаста пеши мизоҷ гузошт пешхизмат.
– Сарвинозро аз куҷо ёбам?
– Он кас кайҳо аз ин ҷо рафтагӣ.
– Ҷойи зисташонро намедонед?
– Не, ман намедонам, шояд ягон нафар аз духтарҳо донанд, иштиҳои том ба шумо ман ҳозир… Исто, ки шароб биёрам, – аз роҳаш гашта пурсид пешхизмат.
– Не, як чойи кабуд!
– Хуб шудааст – гўён пешхизмат ба тарафи маркази толор ҳаракат кард.
Муфаттиш қошуқро ба даст гирифта косаро ба тарафи хеш каме пештар кашид. Суп петии «Олами роз» ниҳоят бомазза намуд ва ё шояд муфаттиш гурусна буду камбудие дар хўрок наёфт. Чун косаро тамом карду ба гўшаи дигари миз гузошт пешхизмат ҳам наздаш ҳозир шуда гуфт:
– Дуюм биёрам?
– Майлаш.
– Чӣ биёрам? – боз ба ҳамон варақаи номгўи хўрокҳо ишора карда пурсид пешхизмат.
– Имрўз ман аҳд намудаам, ки ба шумо бовар намоям.
Ҳарчӣ ки хонум биёрад!
– Гуфтам – ку ман мекўшам, ки шумо тез– тез ба ин қаҳвахонаи афсонавӣ биёед.
– Ҳамааш ба худи шумо вобаста.
– Чиро дар назар доред?
– Дар бораи Сарвиноз ягон маълумоте ба даст овардед?
– То кунун не. Ягон кас аз духтарҳо суроғаи аниқашро намедонад, вале дирўз Раъно ном дугонааш гуфт, ки ба наздикӣ маро ба тўяш даъват мекунад.
– Ҳоло Раъно дар куҷост?
– Ў аллакай рафт. Шояд ягон кори муҳимаш баромадааст.
Шумо рақами телефонатонро гузошта равед, ман аз он кас хоҳиш мекунам, ки ба шумо занг занад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё