Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, беҳтараш фардо ман худам ба ҳамин ҷо меоям. Хуб мешуд, ки ў то омадани ман суроғаи Сарвинозро низ мефаҳмид.
– Ман ҳамаашро ба ў мегўям, вале ба гумон аст, ки худи Сарвиноз занг занад. Исто, ки шумо ба Сарвиноз чӣ кор доред?
– Ман як шиноси давраи мактабиаш. Ду рўз пеш аз Россия аз мардикорӣ омадам ва акнун ўро дидан мехоҳам.
– Ман ҳамаашро ба Раъно мегўям, фардо кай меоед?
– Дар нимаи дуюми рўз.
– Чаро дар нимаи аввалаш не?
– Чунки ман ниҳоят хоболудам ва метарсам дар хоб намонам.
– Бубахшед ман ҳозир, – гўён пешхизмат боз аз пайи супориш рафт.
Шояд офтоб ба ғуруб рафт, ки шуъоҳои бетаъсири он тирезаи шаффоф ва пардаи ҳарири вайро ба ҳоли худ гузоштанд. То кунун ў чашм ба тиреза дўхта буд, вале акнун яку якбора чашм ба соати дастиаш бурд. Ақрабаки соат ба 17 наздик мешуд. Дар дигар фаслҳо чунин вақт айни зарбу талошҳост, вале дар зимистон қариб шом фаро мерасид. Лаҳзае пештар ў дар бораи Сарвиноз фикр дошт, вале аз чӣ бошад, ки мавҷи хаёлоташ лапиш хўрд. Дар катакчаҳои майнааш боз туғёне бархост. Ташвиши ў аз он буд, ки дар бораи Ёсуман маълумоте ба даст оварда натавонист. Ў боварӣ дошт, ки ҳаргиз корманди мақомоти қудратӣ баъди хабари аз Сарвиноз гирифтааш рост ба назди Розиқ Амон нарафтааст. Пеш аз ба чунин кор даст задан, албатта, ў бо ҷабрдида вохўрдааст ва дар асоси аризаи ў ба шантажи мудири бонк даст задааст.
Аз он ки аризаи мазкур дар ягон китоб қайд нашудааст, ҷойи баҳс нест, вагарна Розиқ Амон барои кирдораш ҷазо мегирифт, пас модоме ки ҷинояткор ба ҳалокат расид ба мақсади ошкор нашудани асрораш аҷаб нест, ки шантажист ҷабрдидаро чун шоҳиди номақбул аз байн набарад. Вуҷуди муфаттиши прокуратура аз пайдо шудани ҳамин фикр ларзид ва хост пешхизматро даъват намуда, бо ў ҳисобӣ намояд, вале пешхизмат бо лаълии дигаре дар байни толор ҳозир шуд, ки ба тарафи ў меомад.
– Ана ба шумо лўлакабоб овардам, ош шавад, – гўён пешхизмат лаълиро назди мизоҷ гузошта рафтанӣ шуд, ки Фирдавси Ҳаким ўро боздошта гуфт:

пешина
аз 558
навбатӣ