Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд қадамзаниҳои ду дилдода, ки барф сабабгори ба ҳам ҷафсшавиашон гашта буд, замони дилбарии худи вайро ба ёд овард, ки лаҳзае дар байни андешаҳои хеш монд. Охир муҳаббати ў ва Виктор Николаевичро низ барфи сафед чун муждаи осмонӣ гувоҳ буду гувоҳ монд дар хотираҳо…
То ў аз шарораи хотираҳои дили хеш берун шуда чашм ба сўйи он марди кулоҳбасар дўхт, ки лаҳзае дер карду на он мард бидиду на дигар он мошини интизорро. Вай зери андешаҳои хеш чатри худ ба сар карда, ба роҳ даромад. Ба ҳамон самте ҳаракат кард, ки лаҳзае пеш он мард паҳлуи дари қафои тарафи рости автомашина меистод. Барф то кунун нақши пойи он мардро напушонда буд. Чун молшинос нақши фирмаи пойафзолбарории «Саламандра»–ро шинохт.
Екатерина Андреевна бо азобе роҳи автомобилгардро убур карда, ба самти муқобил гузашт. Дарди миёнро ҳис карда, аз нав истоду қоматашро рост кард. Сипас оҳиста – оҳиста ба тарафи бинои нўҳошёна, ки дар қабати сеюми он зиндагӣ дорад ҳаракат намуд. Ҳарчанд сину соли Самохина аз панҷоҳ боло нубуд, аммо ҳаракатҳои ў кампири ҳафтодсоларо мемонд.
Баъди ҳар даҳ – понздаҳ қадам лаҳзае дар ҷояш меистод ва қоматашро рост мекард. Ниҳоят бо азобе вай пой бар остонаи бино монд. Сипас, назди лифт рафта, чун боварӣ ҳосил кард, ки лифт нест, тугмачаи онро зер кард ва чун танобҳои фўлодин ба ҳаракат даромаданд, ў сари андешаҳои хеш дода шуд.
Се сол боз ў бори зиндагиро танҳо ба дўш дорад. Се сол боз шавҳараш Самохин Виктор Николаевич дар қайди ҳаёт нест. Дар ин муддат ў духтараш Еленаро ба шавҳар дод ва акнун соҳиби набера аст.
Ҳафтаи гузашта Лена ҳамроҳи духтарчааш Анастасия ба аёдати модар омада буд. Екатерина Андреевна афсўс бар он хўрд, ки дар вақташ фикр накард, вагарна шояд имрўз соҳиби келин ҳам буд. Ў мақоли тоҷикии «Духтар устухони даҳони саг аст» – ро ҳаррўз ба ёд меорад. Охир дигар замин сахту осмон баланд. Акнун Лена ҳам аз пай зиндагии худаш. Хайр, дар ҳар куҷо ҳам бошад саломат бошад. Ў он шаб бисёр мехост, ки Лена ҳамроҳи духтарчааш бо ў бимонад, вале қарибиҳои шом Лена як қатор баҳонаҳоро пеш оварда, бо модар хайрухуш кард.

пешина
аз 558
навбатӣ