Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ба ҷойи ман дигар кас ҳам мерафт, ў рози ниҳонашро мекушод,– гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ба гумон буд, эътироз кард муфаттиш.
– Бовар кунед ҳамин хел мешуд, чунки паймонаи дили зан аз кину адоват лабрез буд ва ба замми ин танўри синаи ў аз нон холӣ9.
– Аз эҳтимол дур нест, ки агар ўро аз Розиқ Амон фарзанде мебуд ҳаргиз чунин нафрати нозарурро дар дилаш роҳ намедод, – нисбат ба баҳси муфаттиши прокуратура ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ хулосаи хеш бигуфт Ҳамид Ҷовид. – Ҳа, дарвоқеъ, шумо дар ин бора бо бевазан суҳбат намудед?
– Ман не, – гуфт муфаттиш.
– Ман ҳам, – сухани муфаттишро қувват дод Сорбони Ҳомид.
– Оид ба ҳамин масъала баргаштан ҳанўз вақт ҳаст ва банда итминони комил дорам, ки шумо ба он рўшанӣ меандозед.
Ҳоло бошад биёед беҳтараш сари он ҳолатҳои кор ақидаи хеш бигўем, ки боиси ташвиши муфаттиш гардидааст.
– Чун мо аллакай каму беш аз рафти воқеаҳо бо баъзе тағйиротҳо огоҳӣ ёфтем хуб мешуд, ки ақидаи худи Фирдавси Ҳакимро дар ин бора мешунидем,– таклиф намуд Сорбони Ҳомид.
– Хеле хуб мешуд, агар худи шумо фикру ақидаи хешро баён мекардед, – ба тарафи муфаттиши прокуратура нигариста гуфт сардори ШКД.
– Баъди суҳбат бо Гулбарг Амон банда боз ду маротиба сабти овози вайро гўш намудам. Мусаллам аст, ки марги шавҳар барои Гулбарг Амон ягон талафоте нест. Ҳангоми дуюмбора гўш намудани сабти овоз ман аниқ дарк намудам, ки аз марги шавҳар дида, марги муҳофиз барои бевазан гаронтар афтидааст. Аз он ки сирри ниҳони мудири бонкро соле пештар касе бо ҳамсараш фурўхтааст, ба ақидаи банда ин ҳамон муҳофизест, ки ба нону намаки хуҷаинаш туф кардааст. Модоме, ки ў ба Розиқ Амон хиёнат намудааст, албатта, ошкор кардани рози ниҳони хуҷаин барояш ҳеҷ будааст.
Ҳарчанд Гулбарг Амон аз ошкор намудани номи хабаркаш саркашӣ кард, вале барои ҳамин чизи оддиро фаҳмидан Архимед будан шарт нест. Ба фикри ман хабаркаш дар чорсўи зиндагӣ ба Сарвиноз ном пешхизмате аз қаҳвахонаи «Олами роз» шинос будааст ва на танҳо шинос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё