Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ў аниқ медонистааст, ки Сарвиноз бо кадом нафаре аз кормандони Вазоратҳои қудратӣ дар алоқаи наздик аст. Маҳз аз ҳамин хотир ў ба Гулбарг Амон ҳамон пешхизматро тавсия додааст, то хабарро ба гўши ў бирасонад.
Чун баъди ду ҳафтаи ин воқеа ҷияни Розиқ Амон қасри кошии дар маҳаллаи Зарафшон сохтаашро фурўхтааст, бояд хулоса намуд, ки пули вай ба кадом мақсад сарф шудааст.
– То ҷое мо маълумот дорем, ҷияни мудири бонки саҳомии «Кишоварз» соҳибкор аст ва агар дар асл чунин бошад, пас мо пайвастагиеро байни амалҳои ҷиян ва гуноҳҳои содиркардаи тағо намебинем, – гуфт Ҳамид Ҷовид.
– Чӣ хеле ки мегўянд, ин ҷо агаре ё худ агараке ҳаст, – гуфт муфаттиш.
– Марҳамат моро ба он агар ва ё агараке шинос намоед.
– Агар дар ёдатон бошад ду моҳ қабл аз ин дар рўзномаи «Айём» мақолаи рўзноманигор Маъруф Остон бо номи «Коррупсияро бо пурбин наҷўед» чоп шуд, ки дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ як таркишеро ба вуҷуд овард. Дар ёдатон ҳаст?
– пурсид Фирдавси Ҳаким.
– Албатта, вале ба фикрам дар он мақола нисбат ба қасру кўшкҳо дар маҳаллаи Зарафшон сухане набуд, – андешаҳои хешро иброз намуд Сорбони Ҳомид.
– Гапатон – ку рост, вале фаромўш насозед, ҳамон мақоли тоҷикиро.
– Мақолҳои тоҷикӣ беҳисобанд, хубтар мешуд, ки дар ин хусус худатон моро бо ҳамон мақоли дар назар доштаатон шинос мекардед, – посух дод Ҳамид Ҷовид.
– «Дар гуфтам, девор бишнав, духтар гуфтам, сунҳор бишнав» – гуфт муфаттиши прокуратура.
– Агар шуморо дуруст фаҳмида бошем, қасри дар маҳаллаи Зарафшон буда, на моли ҷиян, балки моли тағо будааст ва дар лаҳзаи зарурӣ худи тағо ҷиянро аз мероси набуда маҳрум сохтааст.
– Айнан ҳамин хел аст, рафиқ подполковник. Шефи мо ҳам дар ҳамин ақида аст.
– Асад Ғанӣ баъди марг аз болои Розиқ Амон барои ришвахўриаш парвандаи ҷиноӣ оғоз карданист? – пурсид Сорбони Ҳомид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё