Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар аз рўйи мантиқ назар намоем, Насим Ёдгор ҳам дар ҳодисаҳои рухдода яъне қасд ба ҷони Розиқ Амон ва муҳофизаш Маҷнуни Замир даст дорад.
Ҳарчанд мо рақами автомашинаи Жигули, ки тайи ду соат дар рў ба рўйи мағозаи молҳои омехта истодаро надонем ҳам, вале аз рўйи нишондоди мудири мағоза Самохина автомашина ранги кабуд доштааст. Дар ҳодисаи дишаба низ автомашинаи «ВАЗ– 2105» ранги кабуд дорад. Аҷаб нест ва банда худ дар ҳамин ақидаам, ки маҳз Насим дар рабурдани Ёсумани Набот даст надошта бошад ва дар интиҳо қотили асосӣ ба тақдири ёварони хеш хати батлон кашида аст…
Чун дишаб дар лаҳзаи аввали таркиш ҳодисаи мазкурро ҳамчун акти террористӣ арзёбӣ намуданд, тамоми мақомотҳои қудратии шаҳр сари по рост шуданд. Ба таври дигар гўем ҳама аз як гиребон сар бароварданд ва натиҷаи корашон ҳам назаррас аст.
Чун мо ҳама муттаҳид гаштем, бубинед ба сари чӣ қадар вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва он нафароне ки пой болои қонун гузоштан мехостанд оби хунук рехтем. Қувваи мушт аз муттаҳидии ангуштҳост ва банда итминони комил дорам, ки агар мо ҳама аз як гиребон сар барорем, симои онеро ки як қадам пеш аз мост, дар рўзҳои наздик хоҳем дид. Мехостам ҳар кадоми шумо фикру андешаи хешро сари ҳамин масъала баён намоед. Беҳуда мардум нагуфтаанд, ки «Ҷомаи бомаслихат кўтоҳ намеояд». Чун Ғалимат Аҳмадович нав ба кор баромадаанд суханро ба сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Дадабоевич медиҳем.
– То ҷойе ки тариқи хабарҳои гирифта банда огоҳӣ дорам, Сарвинози Зоҳир ягона пуле буд байни Гулбарг Амон ва он милисае, ки ҷиноятро дидаю дониста пинҳон кардааст. Чун худи Гулбарг Амон аз кирдорҳои пасипардагии шавҳар аз кадоме аз наздиконаш хабар ёфтааст, мо бар он ақидаем, ки хабардиҳанда ба ҷуз Маҷнуни Замир, ки ба ҳайси муҳофизи мудири бонки саҳомии «Кишоварз» хизмат мекардааст ва дар як вақт муҳаббати ҳамсари мудири бонкро низ дар дил ҷой дода будааст, берун нест. Аз ин бар меояд, ки дар айни вақт мо на далел ва дигар на шоҳиде дорем, ки он милисаро рўйи об барорад.
– Ҷабрдида Ёсумани Набот чӣ? – пурсид Ҳамид Ҷовид.

пешина
аз 558
навбатӣ