Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Мутаассифона, дар пункти такягоҳи ҷамъиятӣ ҳама дарҳо маҳкам буданд. Аз рўйи реҷаи корӣ мебоист ақаллан як нафар дар ҷойи кор мебуд, то арзу шикояти корафтодагонро ба қайд гирад. Аз чунин хунукназарӣ ва бемасъулиятии зердастон таъби бе ин ҳам тираи сарнозири минтақавӣ боз ҳам тиратар гашт ва ў дари дафтари кориашро кушода, ҷисми афгори хешро ба курсӣ партофт.
Ў боз сари суҳбати хеш бо аъзоёни гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ дар дафтари кории Ҳамид Ҷовид, ки соате пештар баргузор гардида буд, ба андеша рафт.
Ҳамаи иштирокчиёни баҳси имрўза ба он ақидаанд, ки дар паси ҳамаи ин таркишу кушторҳо кадоме аз намояндагони мақомотҳои қудратӣ истодааст. Бубин, дар ин се – чор рўз Сорбони Ҳомид то ба куҷоҳо даст расонидааст? Мо бошем то ҳанўз шахсияти он ду дилдодаро, ки дар он шаби барфӣ бо гумонбаршуда рў ба ру омадаанд муайян накардаем. Магар ҳамин ҳам кор шуд? Сорбони Ҳомид бар он ақида аст, ки Насим Ёдгор аз рўйи қади баландаш ба таври автоматӣ аз қатори гумонбаршудагон дар марги Розиқ Амон ва Маҷнуни Замир меафтад. Ба ақидаи ў агар Насим Ёдгор дар он ҷиноят даст ҳам дошта бошад, нақши ў аз нишондиҳандаи объект беш нест.
Пас кист оне ки сари моро ин қадар гаранг намудааст. Ниҳоят Қурбон Дўст ҳам сардии ҳаворо ҳис намуд, ки аз курсии мулоим бархеста ноқилҳои гармкунакро ба симҳои ҷараёни барқ пайваст намуд ва худ сари мизи кори нишаст…
Сарнозири минтақавӣ аз рўйи вазъи ба амал омада, ба нақшаю чорабиниҳои кор дар пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ тағироту иловаҳо даровардани шуда, хома болои лисон бурд…
Қурбон Дўст ҳанўз нақшаю чорабиниҳоро ба анҷом нарасонида буд, ки касе ба дар ангушт зад.
Ў дилу бедилон овоз рўшан кард ва ба даромадани шахси дар пушти дар буда рухсат дод.
– Мумкин–мӣ рафиқ майор?
– Гузашта шин, ман ҳозир, – гўён Қурбон Дўст аз нав хома болои варақ бурд.
– Лейтенанти милиса Қудрат Ғайрат, ки ҳатто имконияти гузориш додан наёфт, дилу бедилон ба курсие нишаст. Ў бисёр мехост, дар бораи бозёфтҳои хеш ба сарнозири минтақавӣ гузориш диҳад, вале чӣ илоҷ ки худи Қурбон Дўст ўро гўш кардан нахост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё