Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хатмкунандагони бетағояш чӣ?
– Ҳоли онҳо аз аҳволи мо хубтар нест, мисли он, ки шоире гуфта: на кофири мутлақ, на мусулмони тамом. Онҳое ки бе тағоянд дар аъроф афтидаро мемонанд, ки касе ба онҳо шафоат нахоҳад кард…
Беихтиёр мавҷи хаёлоти ў каме лаппиш хурд. Аз он чӣ ,ки ў соате пештар бо Қудрат Ғайрат сари дониши ҷавонон баҳс кард, акнун боиси нигаронии хотироташ гашта буд. Ў ҳамаро чун мунаққид баҳо дод, бехабар аз он, ки буттаи гул ҳам бе хор нест. Чӣ фарқ дорад, ки кас кадом донишгоҳро хатм намудааст, муҳимиш он аст, ки ў саводнок бошад ва танҳо адлу инсофи мақомотҳои кадрӣ лозим, ки хорро аз байни бутаи гул ҷудо созанд. Бубин, ҳамон мудири мағозаро, ки баъди дар лифт дидани ҷисми беҷони он ду нафар, чӣ тавр ҳамаро нуқтагузорӣ кардааст. Нақши пой дар паҳлуи автомашина ва боз ҳамон нақши пой дар самти муқобили ҳамон нақш, боз ду нақши дигар, ки ба самти ҷойи ҳодиса ҳаракат намудаанд ва боз ҳамон нақши пой дар даромадгоҳи бино, ки ба тарафи роҳи калон ҳаракат намудааст… Чӣ магар ў ягон донишгоҳи ҳуқуқиро хатм карда будааст? – Ба гумон аст, вале тафаккури мантиқии ў назаррас аст ва онро нодидан гуноҳ. Чун мис Марпл аҷаб не, ки ў аз баъзе ҳомиёни қонун дида нафъаш дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ бештар бошад…
…Он рўзи сешанбе ў расо то соати 18 00 дар китобхонаи Фирдавсӣ машғули дарстайёркунӣ буд. То омадани Шодмон аз китобхона набаромад ва ҳамаи инро сабаб ҳамон барфи бемаҳал буд. Шодмон соати 17 55 дакиқа вириди ошхонаи «Моҳи мунир» гашту ним соат пас аз он ҷо баромад. Чун Робиа барои ба хона дер рафтанаш изҳори нигаронӣ намуд Шодмон таксиеро манъ карда, ўро то рў ба рўйи мағозаи «Молҳои омехта»
дар кўчаи Хуросон овард ва таклиф намуд, ки боқимондаи роҳро пиёда рафтан мехоҳад. Рафтори Шодмон асосан мақоли халқии «элак баҳонаю дидор ғанимат» – ро мемонд, вагарна то ба саҳни ҳавлии онҳо таксӣ имкони пурраи рафтанро дошт. Чӣ ҳам мегуфт Робиа? Охир дили ў рабурда ва боз худи ҳамон барф ба манфиати ҳарду дилдода буд ва онҳо бори аввал дар зери як чатр чунон ба ҳам ҷафс шуданд, ки…

пешина
аз 558
навбатӣ