Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ҳаргиз.
– Дуюм шояд худи марди аз роҳ гузаштаистода аз рў ба рў омадани он ду ҷавони дар зери як чатр ба истиқболаш ҳаракаткунанда дасту по хўрда, рўяшро беихтиёр ба самти рост гардонидааст, чунки ў худ намехостааст, касе вайро шиносад. Ҳамин нуқтаи назар дар монитори хотироти Робиа чун ғолиби озмун пазируфта шуд…
Бо ҳамин фикру хайёлҳо Робиаи Мансур сари субҳ ба донишгоҳ омад. Нав по ба саҳни ошёнаи якуми бино гузошта буд, ки занг садо доду ў аз зинаҳо ба боло давид ва чанд сонияе пештар аз муаллим ба синфхона ворид шуда оҳи сабуке кашид.
Ў дар тамоми давраи дарс кўшиш ба харҷ дод, ки симои он марди дар кўчаи Хуросон дидаашро каме ҳам бошад фаромўш созад, вале нашуд, ки нашуд…
Охир чӣ тавр кас метавонад, симои нафареро, ки баъди куштор бо ў рў ба рў шудааст, фаромўш созад.
Танҳо баъди дарс ў ба ҷойи кори Шодмон занг зад, вале касе гўшакро набардошт. Дар чорроҳае аз дугонааш Зебо ҷудо шуда ба тарафи китобхонаи Фирдавсӣ роҳ пеш гирифт. Қарибиҳои шом ба хона омад ва соате пас телефони мобилиаш садо дод, ў чашм ба монитори телефон дўхта, рақами телефони хизматии Шодмони Сафарро дид…
... 40 …
Андешаҳои ботил аз пашшаи шабзиндадор мўй канданӣ надоранд. Баробари чашмонашро пўшидан Ҳотам Илёс дар байни андешаҳои бесару нуг монд. То ҳамин лаҳза ў гумон дошт, ки қариб навад фоизи корҳоро ба сомон расонидааст, вале чун лаҳзае чашм пўшид, даъвогаре: - ҳой ака, мо ҳамин ҷо гўён гўлу рўшан намуд.
Имрўз сари субҳ дар ҳоле, ки ҳанўз ҷанобашон ба тақдири Насим Ёдгор ва Сарвинози Зоҳир хати батлон накашида буд, ёвари Розиқ Амон Саид Вафо занг зада, вайро хушдор сохт, ки маҷлиси сармоягузорон ба рўзи 18 – декабр таъин карда шуд…
Ҳарчанд дар ин як ҷумла ягон сирри нуҳуфтаеро дарк кардан душвор аст, вале Ҳотам Илёс ба маънии аслии ин суханон дуруст сарфаҳм рафт. Баъди бо олами ҳастӣ падруд гуфтани мудири бонки саҳомии «Кишоварз» Розиқ Амон ду нафар дар талоши забт намудани курсии ў дасту остин барзада буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо